Варзишгарони тоҷик дар Орловка лижаронӣ мекунанд

18-22 январ дар шаҳри Орловкаи Ҷумҳурии Қирғизистон мусобиқаи Федератсияи байналмилалии лижаронӣ баргузор мешавад.
ДУШАНБЕ, январ – SPORTS.tj. Дар мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин-2022 варзишгарони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон ширкат мекунанд.
Аз ҷумҳурии мо ду варзишгар – Баҳриддин Ғоибов ва Сайфиддини Низомиддин – ба мусобиқаи мазкур сафарбар гардиданд. Хароҷоти сафари варзишгарон аз ҳисоби Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар доираи Барномаи дастгирии молиявии варзишгарон – Пекин-2022 пардохт мегардад.
Мусобиқа миёни мардону занон аз рӯи равияҳои слалом ва слаломи бузург доир мегардад ва варзишгарон дар баробари медал соҳиби холҳои олимпӣ мешаванд.