Варзишгарони барандаи ҷоизаи президент маълум шуданд

Варзишгарони барандаи ҷоизаи президент маълум шуданд
Поделиться новостью
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  

Варзишгароне, ки дар соли 2020 ба дарёфти Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон сазовор шудаанд, маълум шуданд.

ДУШАНБЕ, декабр – SPORTS.tj. Онҳо ҳамагӣ чор нафаранд, ки ҳама қаҳрамонҳои куштии озод ва юнониву румӣ дар қаҳрамонии Осиё мебошанд, гуфт як манбаъ аз КМОТ. Ба гуфтаи ин манбаъ, имсол ҷоизаро Муҳаммадҷон Икромов,  Ҳикматулло Ваҳҳобов ва Искандари Рустам  ҳар се дар риштаи кӯштии озод ва Мубинҷон Аҳмедов дар риштаи кӯштии юнониву румӣ ба даст овардаанд.

Ба иттилои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор аст маросими тақдими ҷоизаҳо 31-уми декабр баргузор шавад. Манбаъи мо мегӯяд, ки ба далели он ки самбо риштаи варзиши ғайриолимпӣ аст, имсол ба ҷоизадорони мусобиқоти қаҳрамони ҷаҳони ин ришта дар Сербистон ҷоиза дода намешавад. Зеро мувофиқи низомномаи ҷоиза дар риштаҳои ғайриолимпӣ, бояд шумораи давлатҳои ширкаткунандаи сабқати варзишӣ аз 70 кишвар кам набошад.

Вале Носир Бозор, сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва рушди варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш рӯзи 29-уми декабр “Азия-Плюс” гуфт, ки озмуни ҷоизаи  беҳтарин варзишгар дар соли 2020 ҳафтаи гузашта анҷом ёфт.

“Ман ҳамчун аъзои камисия ширкат доштам, дар он аз ҳама риштаҳои варзиш беҳтарин варзишгари сол муайян карда шуд. Аз самбо ҳам беҳтарин варзишгарон муайян шуданд. Аммо аз сабаби феълан, содир нашудани қарори Кумитаи варзиш номҳои онҳоро гирифта наметавонам”.

Сардори шуъбаи кор ба дастаҳои мунтахаби Кумита ҷавонон ва варзиш  Суҳроби Акбаршоҳ  чанде пеш ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки 6 нафар аз риштаҳои куштии тарзи озод, юнонӣ-румӣ, самбо, бокс ва таэквандо барои дарёфти ин ҷоиза дар соли 2020 пешниҳод шудаанд. Ӯ ҳамчунин гуфта буд, ки  варзишгарони дигар ҳам то 18-уми декабри соли 2020 фурсат доранд номазадии худро барои гирифтани ҷоизаи Президенти Тоҷикистон пешниҳод кунанд.

Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон дар соли 2015 бо номи “Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ” таъсис дода шуд, ки соли 2016 бисту як нафар ва соли 2017 бисту шаш нафар, соли 2018 ба 74 нафар, соли 2019 42 нафар, варзишгар соҳиби ин ҷоиза шуданд.

Ҷоизаи мазкур ҳамасола ба варзишгарони беҳтарин супорида мешавад ва ҳаҷми маблағи он вобаста ба натиҷаи бадастоварда ва намуди варзиш аз 15000 то 300000 сомонӣ муқаррар шудааст.

Поделиться ссылкой:


Аватар

Редакция Sports.tj

Подписывайтесь и будьте в курсе всего интересного - Я.Дзен, Telegram, Instagram

Возможно , вас заинтересует

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Вы не можете скопировать содержимое этой страницы
error: Content is protected !!