Тоҷикистон – Муғулистон. Чи моро интизор аст?

Тоҷикистон – Муғулистон. Чи моро интизор аст?
Поделиться новостью
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  

25 март бозии мунтахабҳои Тоҷикистон – Муғулистон. Бозӣ дар доираи бозиҳои интихобии ҷоми ҷаҳон-2022 доир мешавад.

ДУШАНБЕ, март – SPORTS.tj. Инҷо мехоҳем, ки фикру ақидаҳо ва факту рақамҳои пеш аз бозиро орем.

Вазъият дар гурӯҳ чи гуна аст?

Пас аз гузашти 5 давр Тоҷикистон бо касби 7 имтиёз мақоми сеюмро соҳиб аст. Садрнишини ҷадвал Ҷопон буда, 15 хол дар даст дорад. Қирғизистон низ чун мо 7 имтиёз дорад. Мянма бо 6 хол ва Муғулистон бо 3 хол дар зинаҳои охир қарор доранд.

Таърихи байниякдигарӣ

Ин ду мунтахаб дар таърихи худ ҳамагӣ як маротиба бо ҳам вохӯрӣ анҷом додаанд ва ин ҳам бошад дар Муғулистон. 10 сентябри соли 2019 мунтахаби Тоҷикистон бар рақиби худ 1:0 ғолиб омад ва голи ягонаро Давронҷон Эргашев дар дақиқаҳои охир ба самар расонида буд.

Рейтинги ФИФА

Мунтахаби Тоҷикистон дар раддабандии ФИФА аз рӯи холшумории таърихи 18 феврали 2021 мақоми 120-ум бо касби 1144 имтиёз миёни давлатҳои Гвения-Бисау ва Намибия ҷойгир аст. Беҳтарин натиҷаи мунтахаби мо июли соли 2013 ба қайд гирифта шуда буд.

Он вақт мунтахаби Тоҷикистон мақоми 106-умро соҳиб буд. Аз ҳама натиҷаи пасти рейтинги ФИФА барои мунтахаби мо 180-ум аст, ки моҳҳои апрел ва октябри соли 2003-ум соҳиб шуда будем.

Муғулистон бошад, мақоми 190 аст ва миёни Бктан ва Бруней қарор дорад. Аз ҳама мақоми баландтаринаш дар рейтинги ФИФА 160-ум аст, ки августи соли 2011 ба ин натиҷа ноил шуда буд.

Аз ҳама натиҷаи пасттарин бошад, июли соли 2015 ба қайд гирифта шуд, ки мақоми 205-умро соҳиб буд.

Кист фаворит?

Аз рӯи коэффицентгузориҳои букмекерҳо фаворити асосии ин дидор Тоҷикистон аст. Ба ғалабаи мунтахаби мо аз 1,12 то 1,21 дода истодаанд. Мусовӣ 8,20 ва ба ғалабаи муғулҳо 25 дода истодааст.

Поделиться ссылкой:


Аватар

Редакция Sports.tj

Подписывайтесь и будьте в курсе всего интересного - Я.Дзен, Telegram, Instagram

Возможно , вас заинтересует

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Вы не можете скопировать содержимое этой страницы
error: Content is protected !!