Сомон ва Беҳрӯз дар World Judo Masters ноком шуданд

Сомон ва Беҳрӯз дар World Judo Masters ноком шуданд
Поделиться новостью
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  

Ду паҳлавони тоҷик – Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯзи Хоҷазода дар аввалин рақобати худ дар мусобиқаи устодони ҷаҳонии ҷудо (World Judo Masters), ки дар Доҳаи Қатар ҷараён дорад, мағлуб шуда, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гаштанд.

ДУШАНБЕ, январ – SPORTS.tj. Ҳарду дар рақобатҳо дар вазни 73 кило қувваозмоӣ карданд. Сомон Маҳмадбеков бар асоси қуръакашӣ дар даври аввал аз Акил Ҷаково аз Косово шикаст хӯрд.

Қувваозмоӣ хеле тӯл кашид ва баъди ҳашт дақиқа ғолиб муайян гардид. Ҷаково бо баҳогузории  ваза-ари ғолиб шуд.

Рақиби аввалини Беҳрӯзи Хоҷазода намояндаи Молдова Виктор Стерпу буд. Қувваозмоӣ 2 дақиқаю 9 сония идома кард. Стерпу бо баҳогузории иппон пирӯз гардид.

Паҳлавони дигари тоҷик Темур Раҳимов бошад, рӯзи чоршанбеи 13-уми январ дар даври аввал бо Штефан Ҳеги аз Австрия вориди рақобат мешавад.

Дар мусобиқаи World Judo Masters дар Доҳа, ки бо ширкати ҳудуди 400 варзишгар аз 69 кишвар то рӯзи 13-уми январ идома меёбад, гуштигирон ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳои олимпӣ хоҳанд шуд. Инчунин ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим мегардад.

Поделиться ссылкой:

Редакция Sports.tj

Подписывайтесь и будьте в курсе всего интересного - Я.Дзен, Telegram, Instagram

Возможно , вас заинтересует

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Powered by Live Score & Live Score App
Вы не можете скопировать содержимое этой страницы
error: Content is protected !!