Соли 2021 Фонди олимпӣ таъсис дода мешавад

Соли 2021 Фонди олимпӣ таъсис дода мешавад
Поделиться новостью
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  

Соли 2021 бо дастури Президенти Кумитаи миллии олимпӣ Эмомалӣ Раҳмон Фонди олимпӣ таъсис дода мешавад.

ДУШАНБЕ, декабр – SPORTS.tj. Инчунин дар шаҳри Душанбе як толори варзишии болопӯшида, дар ноҳияи Вахш базаи қайиқронӣ сохта шуда, инчунин барои федератсияҳои варзишӣ грант ҷудо  мегардад.

Дар ин бора дар  ҷаласаи 19-уми Ассамблеяи генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовинони Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Шамсулло Соҳибов ва Аҳтам Абдуллозода  баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.

Дар  ҷаласа ҳисоботи муовини Президенти Кумита дар давраи солҳои 2019-2020, инчунин  Комиссияи назорату тафтишот шунида шуда, нақшаи кор,  буҷет дар соли 2021, Оиннома дар таҳрири нав ва Қоидаҳои зидди допингии  Кумита тасдиқ гардиданд.

Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ ва Ҳамбастагии олимпӣ ба хотири пешгирии коронавирус барои Кумита 25000 доллар ҷудо кард, ки маблағи мазкур барои харидории таҷҳизоти варзишӣ ва сафарбар кардани варзишгарон ба мусобиқаҳои байналмилалӣ хароҷот мешавад.

Зикр  шуд, ки дастгирии варзишгарон афзалияти кори Кумита мебошад ва соли 2021 як қатор корҳо ба нақша гирифта шудааст. Пас аз муҳокима ва баррасӣ бо ҷонибдории аъзои Ассамблеяи генералӣ Оинномаи Кумита дар таҳрири нав, Қоидаҳои зидди допинги Кумита, Нақшаи кор ва нақшаи буҷети Кумита дар соли 2021 тасдиқ карда шуда, вобаста ба масъалаҳо тибқи рӯзномаи ҷаласа қарорҳо қабул гардиданд.

Поделиться ссылкой:


Аватар

Редакция Sports.tj

Подписывайтесь и будьте в курсе всего интересного - Я.Дзен, Telegram, Instagram

Возможно , вас заинтересует

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Вы не можете скопировать содержимое этой страницы
error: Content is protected !!