Шукрона Қарчиева – дар чемпионати ҷаҳони ҷудо

Шукрона Қарчиева – дар чемпионати ҷаҳони ҷудо
Поделиться новостью
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  

Шукрона Қарчиева (48 кг) ягона бонуи тоҷике буд, ки кишварро дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо намояндагӣ кард.

ДУШАНБЕ, июн – SPORTS.tj. Ин бонуи шинохтаи тоҷик дар даври аввали ин чорабинӣ бо намояндаи кишвари Ҷопон – Вакана Кога рӯи татамӣ баромад. Дар ин нерусанҷӣ варзишгари мо ба рақибаш тоб наоврда бо “Иппон” дучори шикаст шуд.

Вакана Кога қаҳрамони World Championships Juniors 2019 ва барандаи медали тиллои Montreal Grand Prix 2019 мебошад. Рақиби Шукрона феълан дар зинаи 22-юми рейтинги вазни 48 кг ҷой дорад. Шукрона Қарчиева бошад, дар зинаи 96-уми ин раддабандӣ қарор дорад.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон:

48 КГ   Шукрона КАРЧИЕВА

66 КГ   Шаҳбоз САИДАБУРОРОВ

81 КГ   Акмал МУРОДОВ

90 КГ   Ҷаҳонгир МАҶИДОВ

90 КГ   Комроншоҳ УСТОПИРИЁН

+100 КГ Темур РАҲИМОВ

Дар мусобиқа иштироки 695 варзишгар (408 мард ва 287 зан) аз 129 кишвари панҷ қораи дунё дар назар аст. Барои мақоми аввал – 2000 имтиёз, дуюм – 1400 имтиёз ва сеюм – 1000 имтиёз дода мешавад.

Ғолибону ҷоизадорони Қаҳрамонӣ бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз мешаванд. Барои ҷойи якум 26 ҳазор евро (20800 евро – варзишгар ва 5200 евро – мураббӣ), барои ҷойи дуюм – 15 ҳазор евро (12000 евро – варзишгар ва 3000 евро – мураббӣ), барои ҷойи сеюм – 8 ҳазор евро (6400 евро – варзишгар ва 1600 евро – мураббӣ) муқаррар шудааст.

Поделиться ссылкой:

Редакция Sports.tj

Подписывайтесь и будьте в курсе всего интересного - Я.Дзен, Telegram, Instagram

Возможно , вас заинтересует

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Powered by Live Score & Live Score App
Вы не можете скопировать содержимое этой страницы
error: Content is protected !!