Ширкати ду ҷудочии кишвар дар мусобиқаи кушоди Осиё

Ширкати ду ҷудочии кишвар дар мусобиқаи кушоди Осиё
Поделиться новостью
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  

Дар Aktau Asian Open 2021, ки рӯзҳои 13-14-уми март дар шаҳри Актауи Қазоқистон баргузор мешавад, кишвари моро ду ҷудочӣ намояндагӣ хоҳанд кард.

ДУШАНБЕ, март – SPORTS.tj. Дар мусобиқаи мазкур иштироки 206 варзишгар (111 мард, 95 зан) аз 8 давлат дар назар аст.

Амриддин Шарифов дар вазни 66 кг бори аввал Тоҷикистонро дар мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ мекунад. Дар вазни 81 кг бошад, Хушвақт Идиев рӯи татами мебарояд.

Рӯзи аввали мусобиқа – 13-уми март – миёни мардон вазнҳои 60 kg, 66 kg, 73 kg, миёни бонувон 48 kg, 52 kg, 57 kg, 63 kg қувваозмоӣ мекунанд.

Рӯзи охир – 14-уми март – ҷудочиёни вазнҳои 81 kg, 90 kg, 100 kg, +100 kg – миёни мардон ва 70 kg,  78 kg, +78 kg – миёни бонувон нерӯсанҷӣ хоҳанд кард.

Давраҳои муқаддамотӣ  – шуруъ аз соати 10:00, финалӣ – аз соати 17:00 (бо вақти Душанбе) оғоз меёбанд.

Поделиться ссылкой:


Аватар

Редакция Sports.tj

Подписывайтесь и будьте в курсе всего интересного - Я.Дзен, Telegram, Instagram

Возможно , вас заинтересует

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Вы не можете скопировать содержимое этой страницы
error: Content is protected !!