Шериддин Бобоев: 250 000 евро!

Шериддин Бобоев, ҳамлагари тоҷике, ки ба наздики бо дастаи Пенанг-и Малайзия шартнома намуд, аз рӯи нархгузории Трансфермаркет 250 000 евро арзишгузорӣ шуд.
ДУШАНБЕ, декабр – SPORTS.tj. Ин нарх уро водор месозад, ки дар дастаи Пенанг қиматтарин футболбоз бошад.
То бо Шериддин Бобоев шартнома кардан, дар даста қиматтарин нимҳимоятгари гамбиягӣ Санна Няссе буд, ки арзишаш 225 000 евро аст.