Шаҳбоз Саидабуроров дар Grand Slam 2021 зинаи 5-умро ишғол кард

Шаҳбоз Саидабуроров дар Grand Slam 2021 зинаи 5-умро ишғол кард
Поделиться новостью
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  

Дар Ӯзбекистон мусобиқаи Tashkent Grand Slam 2021 ҷараён дорад.

ДУШАНБЕ, март – SPORTS.tj. Дар рӯзи аввали мусобиқа чаҳор ҷудокори кишвар ба сабқат шурӯъ намуданд. Абумуслим Қаюмзода (60 кг) дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм  рақобатро ба ҷудокори турк – Салиҳ Йлдз бо имтиёзи иппон бохт.

Шаҳбоз Саидабуроров (60 кг) низ дар даври нахуст озод буд. Дар даври дуюм ҳарифи Шаҳбоз – варзишгари Булғористон – Янислав Герчев бо гирифтани се «шидо» мағлуб шуда, аз идомаи сабқат маҳрум шуд.

Рақиби Шаҳбоз дар даври сеюм Артем Коласау аз кишвари Белорус низ бо дарёфти се шидо ноком шуд.

Дар чорякниҳоӣ аз ҷудокори Озарбойҷон – Каромат Ҳусейнов бо дарёфти се шидо шикаст хурд. Дар даври тассалобахш дар «голден скор» Шаҳбоз бар ҳарифи пурқуввати гурҷияш – Ҷаба Папинашвили дастболо шуда, ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа роҳ ёфт.

Ҳамин тариқ барои дарёфти медали биринҷии ин чорабинии бонуфуз Шаҳбоз  бо намояндаи кишвари мизбон – Кемран Нуруллоев рӯ ба рӯ шуд.

Мутаассифона, дар ин рақобати ҳалкунанда Шаҳбоз бо дарёфти се шидо шикаст хурд ва мақоми панҷумро соҳиб шуд. Тибқи низомномаи мусобиқаи «Гранд Шлем» ба нафаре, ки ҷои 5-ро ишғол мекунад, 360 имтиёз дода мешавад.

Баҳром Суфиев (66 кг), ки бори аввал дар мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ иштирок мекунад, дар даври якум дар  «голден скор» аз ҷудочии Ирландия – Бернс Натон бо усули «де-аши-барай» мағлуб шуд. Алиҷон Сафаралиев (66 кг) дар даври якум озод буда, дар даври дуюм бо дарёфти ду «ваза-ари» аз Дмитрий Минкови белорусӣ шикаст хурд.

Фардо, 6-уми март миёни бонувон – Шоҳида Қаландарова (63 кг), миёни мардон – Сомон Маҳмадбеков (73 кг), Акмал Муродов ва Ҳақназар Назаров (ҳарду дар вазни 81 кг) нерӯсанҷӣ мекунанд.

Поделиться ссылкой:


Аватар

Редакция Sports.tj

Подписывайтесь и будьте в курсе всего интересного - Я.Дзен, Telegram, Instagram

Возможно , вас заинтересует

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Вы не можете скопировать содержимое этой страницы
error: Content is protected !!