Санаи баргузории “Мастерси”-и Қатар муайян шуд

Санаи баргузории “Мастерси”-и Қатар муайян шуд
Поделиться новостью
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  

Федератсияи ҷаҳонии ҷудо (IJF) мусобиқоти “Masters”-и Давҳаро, ки дар моҳи майи соли ҷорӣ бо сабаби ҳамагирии КОВИД-19 мавқуф гузошта буд, дар соли оянда (2021) аз 11 то 13-уми январ дар Қатар баргузор хоҳад кард.

ДУШАНБЕ, ноябрь – SPORTS.tj. 36 ҷудокори бартари ҳар дастаи вазнҳо аз феҳристи ҷаҳонӣ барои ширкат дар мусобиқот даъват мешаванд. Мариус Визер, Раиси Федератсияи ҷаҳонии ҷудо дар номаи худ гуфта, ки: “Агар дар замони рақобат вазъияти беҳдоштии ҷаҳонӣ ба таври ғайримунтазира вахим шавад, IJF ҳақ дорад, ки ин рӯйдодро низ ба таъхир андозад”.

Варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳои олимпӣ хоҳанд шуд. Барои иштирок дар мусобиқа варзишгарон 200 имтиёз мегиранд. Барои ҷойи аввал 1800 имтиёз, барои ҷойи дувум 1260 имтиёз, барои ҷойи севум 900 имтиёз, барои ҷойи панҷум 648 имтиёз, барои ҷойи ҳафтум 468 имтиёз дода мешавад.

Инчунин ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим мегардад. Дар ҳар як вазн ба ғолиб 9000 доллари ИМА, барои ҷойи дувум 6000 доллар ва барои ҷойҳои севум 3000-долларӣ супурда хоҳад шуд. Ба мусобиқаи байналмилалии “World Judo Masters” дар Давҳаи Қатар беҳтарин паҳлавонони тоҷик, ки барои гирифтани имтиёзҳо ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Олимпиадаи Токио талош меварзанд, даъват хоҳанд шуд.

Бояд гуфт, ки соли гузашта дар мусобиқаи устодони ҷудо “Qingdao Masters 2019”, ки рӯзҳои 12-14-уми декабр дар шаҳри Қингдаои Чин баргузор шуда буд, Тоҷикистонро чаҳор варзишгар намояндагӣ кард. Аз байни онҳо Комроншоҳи Устопириён натиҷаи хубтар нишон дода, мақоми панҷумро касб намуд. Ӯ дар вазни то 90 кило пас аз ду пирӯзӣ бар рақибонаш аз Бразилия ва Алҷазоир, дар даври баъдӣ аз Микаил Озерлер аз Туркия мағлуб шуд.

Паҳлавони тоҷик дар даври тасаллобахш Мурао Санширои ҷопониро шикаст дод ва муборизаро барои медали биринҷӣ идома дод. Вале Комроншоҳ қувваозмоиро барои ҷойи севум ба Неманҷа Маҷдов аз Сербия бохт ва дар натиҷа ҷойи панҷумро соҳиб гашт.

Се гуштигири дигари тоҷик – Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯзи Хоҷазода (ҳарду дар вазни то 73 кило) ва Темур Раҳимов (дар вазни беш аз 100 кило), ки дар даври аввал бар рақибонашон ғолиб омаданд, баъдан ноком шуданд.

Поделиться ссылкой:

Редакция Sports.tj

Подписывайтесь и будьте в курсе всего интересного - Я.Дзен, Telegram, Instagram

Возможно , вас заинтересует

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Powered by Live Score & Live Score App
Вы не можете скопировать содержимое этой страницы
error: Content is protected !!