Сайри ҷаҳонии ҷудо: истгоҳи навбатӣ Тошканд

Сайри ҷаҳонии ҷудо: истгоҳи навбатӣ Тошканд
Поделиться новостью
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  

5-7 март дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон мусобиқаи байналмилалии ҷудо «Tashkent Grand Slam 2021» баргузор мешавад.

ДУШАНБЕ, март – SPORTS.tj. Дар мусобиқа иштироки 521 варзишгар (307 мард, 214 зан) аз 73 давлат дар назар аст. Аз ҷумҳурии мо 14 варзишгар ба Тошканд сафарбар мегарданд: Абумуслим Қаюмзода, Шаҳбоз Саидаброров (60 кг), Баҳром Суфиев, Алиҷон Сафаралиев (66 кг), Сомон Маҳмадбеков (73 кг), Акмал Муродов, Ҳақназар Назаров (81 кг), Комроншоҳи Устопириён, Амирҷони Насимҷон (90 кг), Саидҷалол Саидов, Раҳмон Мансур (100 кг), Темур Раҳимов, Шакармамад Мирмамадов (+100 кг) миёни мардон ва Шоҳида Қаландарова (63 кг) миёни бонувон.

Дар рӯзи аввали мусобиқа – 5 март – қувваозмоиҳо дар вазнҳои 60 кг, 66 кг миёни мардон ва 48 кг, 52 кг, 57 кг миёни занон доир мегарданд. Дар рӯзи дуюм – 6 март – паҳлавонони вазнашон 73 кг, 81 кг миёни мардон ва 63 кг, 70 кг миёни занон рақобат хоҳанд кард. Мусобиқа 7 март бо қувваозмоиҳои варзишгарони вазнашон 90 кг, 100 кг, +100 кг миёни мардон ва 78 кг, +78 кг миёни бонувон ба поён мерасад.

Варзишгарон дар ин мусобиқа ба ҷуз аз медал соҳиби холҳои олимпӣ мешаванд. Инчунин ба беҳтаринҳо ҷоизапулӣ тақдим мегардад. Дар ҳар як вазн ба ғолиб 5000 доллари ИМА, барои ҷойи дуюм 3000 доллар ва барои ҷойҳои сеюм 1500-долларӣ супурда хоҳад шуд.

Варзишгарон то моҳи июни имсол имкон доранд, ки бо иштирок дар мусобиқаҳо хол ба даст оварда, мавқеашонро дар радабандии олимпӣ беҳтар намоянд. Федератсияи байналмилалии ҷудо 28 июн радабандии ниҳоии олимпиро нашр мекунад ва 22 нафари беҳтарин дар ҳар вазн соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио хоҳанд шуд.

Поделиться ссылкой:


Аватар

Редакция Sports.tj

Подписывайтесь и будьте в курсе всего интересного - Я.Дзен, Telegram, Instagram

Возможно , вас заинтересует

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Вы не можете скопировать содержимое этой страницы
error: Content is protected !!