Саддам Рамзиёрзода – дар Қазон

Саддам Рамзиёрзода – дар Қазон
Саддам Рамзиёрзода бо сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба шиноварӣ Алишер Чингизов
Поделиться новостью
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  

Узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба шиноварӣ Саддам Рамзиёрзода ба ҷамъомади машқӣ-таълимӣ дар Маркази рушди Федератсияи байналмилалии шиноварӣ (FINA) дар шаҳри Қазон фаро гирифта мешавад.

ДУШАНБЕ, январ – SPORTS.tj. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ҳамкории зич бо Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон, дар доираи Барномаи бурсияи FINA, узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба шиноварӣ Саддам Рамзиёрзодаро ба ҷамъомади машқӣ-таълимии семоҳа ба шаҳри Қазони Руссия сафарбар карданд.

Барномаи бурсияи FINA барои варзишгарони кишварҳое, ки имкони пасти гирифтани роҳхати Бозиҳои олимпиро доранд, нигаронида шудааст.

Мутахассисони сатҳи байналмилалии FINA муддати се моҳ – аз 25 январ то 20 апрели соли 2021 23 варзишгарро аз 18 давлат – Албания, Ангола, Афғонистон, Венесуэла, Гана, Гватамела, Гурҷистон, Доминикан, Колумбия, Куба, Латвия, Литва, Македонияи Шимолӣ, Нигерия, Покистон, Руанда, Тоҷикистон, Черногория – дар Маркази рушди FINA дар шаҳри Қазон аз рӯи рпавияҳои шиноварӣ ва ҷаҳиш ба об барои иштирок дар мусобиқаҳои интихобии олимпӣ ҷиҳати ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 омода мекунанд.

Саддам Рамзиёрзода, ки чемпиони чандкаратаи Тоҷикистон миёни наврасону ҷавонон мебошад, пас аз иштирок дар ҷамъомади машқӣ-таълимӣ дар Қазон моҳҳои апрел-май дар мусобиқаҳои интихобии олимпии FINA ширкат карда, барои дарёфти роҳхати олимпӣ талош мекунад. (КМОТ)

Поделиться ссылкой:


Аватар

Редакция Sports.tj

Подписывайтесь и будьте в курсе всего интересного - Я.Дзен, Telegram, Instagram

Возможно , вас заинтересует

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Powered by Live Score & Live Score App
Вы не можете скопировать содержимое этой страницы
error: Content is protected !!