Рушди ҳамкории КМОТ бо федератсияҳо дар самти мубориза бо допинг

Рушди ҳамкории КМОТ бо федератсияҳо дар самти мубориза бо допинг
Поделиться новостью
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон чораҳои баланд бардоштани сатҳи огоҳии намояндагони федератсияҳои миллии варзишӣ, мактабҳои варзишӣ, клубҳо, варзишгарон ва мураббиёнро тақвият медиҳад.

ДУШАНБЕ, ноябр – SPORTS.tj. Дар асоси муқаррароти Кодекси ҷаҳонии зидди допинг, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз соли 2021, ҳамчунин вазифаҳои ташкилоти миллии зидди допингро иҷро мекунад. Дар робита ба ин, бо сарпарастии Ҳамбастагии олимпӣ 1-20 ноябр дар шаҳри Душанбе барои 120 нафар, аз ҷумла аъзои кумитаҳои иҷроияи федератсияҳои миллӣ, роҳбарон ва кормандони маъмурии федератсияҳои миллӣ, шахсоне, ки дар қабули қарорҳо масъуланд ва намояндагони варзишгарон силсила-семинарҳои серӯза баргузор кард.

Дар ҷараёни доир кардани семинарҳо аз ҷониби Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон маълумоти муҳим доир ба ҷанбаҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, иттилоотӣ ва омӯзишии мубориза бо допинг дар варзиш мувофиқи Кодекси ҷаҳонии зидди допинг-2021 ва меъёрҳои байналмилалии Агентии ҷаҳонии зидди допинг (WADA) пешниҳод шуд. Ҳамчунин механизми ҳамоҳангӣ оид ба пешгирии истифодаи допинг дар варзиш ва риояи талаботҳои Кодекс-2021 ва муқаррароти байналмилалии WADA коркард шуд, аз ҷумла

– қабул кардани қоидаҳои зидди допинги федератсияҳои миллӣ;

– таҳия ва тақсим кардани барномаҳои омӯзишии мубориза бо допинг;

– ҷорӣ кардани қоидаҳои интизомии федератсияҳои миллӣ.

Яъне тибқи талаботи WADA дар баробари Кумитаи миллии олимпӣ федератсияҳои миллии варзишӣ низ бояд қоидаҳои зидди допинги дохилиро таҳия ва қабул кунанд. Ин амал боис мегардад, ки сатҳи огоҳии варзишгарон оид ба допинг ва оқибатҳои истифодаи он баланд гардад ва обрӯю эътибори кишвар дар арасаи байналмилалӣ ҳифз карда шавад.

Поделиться ссылкой:


Редакция Sports.tj

Подписывайтесь и будьте в курсе всего интересного - Я.Дзен, Telegram, Instagram

Возможно , вас заинтересует

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Вы не можете скопировать содержимое этой страницы

error: Content is protected !!