“Равшан” ба Бишкек сафар кард

Поделиться новостью
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  

“Равшан”-и шаҳри Кӯлоб ҷиҳати иштирок дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2021 ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон сафар намуд.

ДУШАНБЕ, май – SPORTS.tj. Дастаи “Равшан” тариқи ҳавопаймо аз Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе дирӯз соати 20:00 ба шаҳри Бишкек парвоз намуд. Ҳайати дастаи “Равшан” дар Фурӯдгоҳи байналмилалии Бишкек масъулини Федератсияи футболи Қирғизистон ва дигар шахсони расмӣ дар сатҳи баланд истиқбол гирифтанд.

“Равшан”-и шаҳри Кӯлоб дар гурӯҳи “Е” бо дастаҳои “Аҳал”-и Туркманистон санаи 14 май ва бо дастаи “Дордой”-и Қирғизистон санаи 20-уми май андари майдони рақобат мешавад. Дастаи “Равшан”-и Тоҷикистон айни ҳол дар яке аз меҳмонхонаҳои шаҳри Бишкек қарор дошта, имрӯз омодагии худро ба бозиҳои дарпешистода оғоз менамояд.

Поделиться ссылкой:

Редакция Sports.tj

Подписывайтесь и будьте в курсе всего интересного - Я.Дзен, Telegram, Instagram

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Powered by Live Score & Live Score App
Вы не можете скопировать содержимое этой страницы
error: Content is protected !!