Расул Боқиев ба Тоҷикистон омад

Расул Боқиев ба Тоҷикистон омад
Поделиться новостью
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  

Паҳлавони маъруфи тоҷик Расул Боқиев, барандаи нишони биринҷии Бозиҳои олимпӣ ва қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо, ки дар шаҳри Маскави Россия кору зиндагӣ мекунад, ба ҳайси сардовари мусобиқаи наврӯзии гӯштингирӣ ба Тоҷикистон омадааст.

ДУШАНБЕ, март – SPORTS.tj. Мусобиқаи мазкур дар деҳаи Даҳанаи Кӯлоб баргузор шуд. Ин чорабинии анъанавӣ ҳамасола дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз бо иштироки паҳлавонон аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон ва меҳмонон аз кишварҳои дигар доир гардид.

Барои ширкат дар ин мусобиқа гӯштингирон аз Россия низ даъват шудаанд. Инчунин ба ғолибони мутлақи мусобиқа дар вазнҳои мухталиф шоҳҷоизаҳо – чаҳор мошини сабукрав тақдим гардид.

Расул Боқиев 29-уми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Рӯдакӣ ба дунё омадааст.  Вай дар гӯштини ҷудо барандаи нишони биринҷии Олимпиадаи Пекин дар соли 2008 мебошад. Расул соли 2007 дар Рио-Де-Жанейрои Бразилия медали биринҷии қаҳрамонии ҷаҳонро ба даст оварда, дар солҳои 2007, 2010, 2011 ва 2012 Ҷоми ҷаҳонии ҷудоро соҳиб шудааст.

Поделиться ссылкой:


Аватар

Редакция Sports.tj

Подписывайтесь и будьте в курсе всего интересного - Я.Дзен, Telegram, Instagram

Возможно , вас заинтересует

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Вы не можете скопировать содержимое этой страницы
error: Content is protected !!