Раҳматулло Фузайлов – сармураббии «Ҳосилот»

Раҳматулло Фузайлов – сармураббии «Ҳосилот»
Поделиться новостью
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  

Раҳматулло Фузайлов @rakhmatullofuzailov сармурабии тими Ҳосилот-и Фархор таин гардид.

ДУШАНБЕ, март – SPORTS.tj. Дастаи «Ҳосилот» ноҳияи Фархор бо сармураббии соҳибтаҷриба Раҳматулло Фузайлов ба мавсими нав омода мешавад. Муколамаи роҳбарияти даста миёни ин мураббӣ охирҳои моҳи феврали соли 2021 сурат гирифта билохир дар аввали моҳи март ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд.

Раҳматулло Фузайлов азм дорад, ки дар асоси пешниҳодоти роҳбарияти дастаи «Ҳосилот» ҳайатро аз ҷавонони маҳаллии ноҳияи Фархор таъсис диҳад. То оғози мавсими нав аз назаргузаронии бозингарон дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Фархор сурат мегирад. Инчунин дар назар аст, ки барои пурқувват намудани ҳайати даста дар рақобатҳои имсола якчанд бозингари соҳибтаҷриба низ ба тим даъват шавад.

Зикр намудан ба маврид аст, ки номбурда дар гузашта ҳамчун бозингар дар дастаҳои «Помир»-и шаҳри Душанбе, «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ва дар ҳайати тими милии Тоҷикистон ба ҳайси сарбони тим фаъолият намудааст. Дар ин баробар ҳамчун бозингари соҳибистеъдод дар дастаи «Шиник»-и Ярослави Федератсияи Русия ва «Нефтчӣ»-и Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон футболи меҳанро берун аз кишвар муааррифӣ намудааст.

Раҳматулло Фузайлов дар гузашта сармураббии тимҳои ССКА «Помир»-и шаҳри Душанбе, «Куктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ, «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод буд.  

Раҳматулло Фузайлов  барои шиносои пайдо намудан бо бозингарони даста рӯзи 5-уми марти соли ҷорӣ ба ноҳияи Фархор сафар менамояд. Роҳбарияти даста дар навбати худ барои будубоши мурабби дар ноҳияи Фархор шароитҳои заруриро муҳайё месозад.

Поделиться ссылкой:


Аватар

Редакция Sports.tj

Подписывайтесь и будьте в курсе всего интересного - Я.Дзен, Telegram, Instagram

Возможно , вас заинтересует

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Вы не можете скопировать содержимое этой страницы
error: Content is protected !!