Рақибони ҷудокорони тоҷик дар «Мастерс»-и Доҳа маълум шуданд

Рақибони ҷудокорони тоҷик дар «Мастерс»-и Доҳа маълум шуданд
Поделиться новостью
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  

Дар шаҳри Доҳаи Қатар қуръакашии мусобиқаи Doha Masters-2021 баргузор гардид, ки дар натиҷаи он рақибони ҷудочиёни тоҷик муайян шуданд.

ДУШАНБЕ, январ – SPORTS.tj. Сомон Маҳмадбеков (73 kg) бо ғолиби Гран-Прии Будапешт-2019, ҷудочии косовӣ Акил Гяков рӯи татами мебарояд.

Беҳрӯз Хоҷазода (73 kg) бошад, бо рақиби пурқувват – Қаҳрамони Аврупо-2020 Виктор Стерпуи молдовиягӣ рӯ ба рӯ мешавад.

Зимнан, Хоҷазода дар «Болшой шлем» Екатеринбург-2019 бар ҳарифи молдовиягиаш дастболо шуда буд.

Темур Раҳимов дар вазни +100 kg бо ҷудокори австриягӣ Штефан Хеги қувваозмоӣ мекунад.

Бояд қайд намуд, ки Темур соли 2019 дар мусобиқаи «Тсиндао Мастерс» ин ҳарифи австриягии худро шикаст дода буд.

Хотиррасон мешавем, ки баргузории мусобиқа аз санаи 11 то 13-уми январ дар назар аст.

Поделиться ссылкой:


Аватар

Редакция Sports.tj

Подписывайтесь и будьте в курсе всего интересного - Я.Дзен, Telegram, Instagram

Возможно , вас заинтересует

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Вы не можете скопировать содержимое этой страницы
error: Content is protected !!