Рақибони ҷудочиёни тоҷик дар Tbilisi Grand Slam 2021 муайян шуданд

Рақибони ҷудочиёни тоҷик дар Tbilisi Grand Slam 2021 муайян шуданд
Поделиться новостью
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  

Бар асоси қуръакашии мусобиқаи Tblisi Grand Slam, ки дар Тбилиси баргузор шуд, рақибони паҳлавонони тоҷик дар марҳилаи муқаддамотӣ маълум шуданд.

ДУШАНБЕ, март – SPORTS.tj. Шаҳбоз Саидабуроров (60 кг) дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо ҷудочии пурқуввати ӯзбек, ҷоизадори чемпионати ҷаҳон-2019 – Шарофиддин Лутфуллаев рӯи татами меояд.

Комроншоҳи Устопириён (90 кг) низ рақобатро аз даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Абдераҳмане Диао (Сенегал) – Матиас Куусик (Эстония) оғоз мекунад.

Рӯзи аввали мусобиқа – 26-уми март (шуруъ аз соати 10:30) қувваозмоиҳо дар вазнҳои 60 кг, 66 кг миёни мардон ва 48 кг, 52 кг, 57 кг миёни занон баргузор мешавад.

Рӯзи дуюм – 27-уми март (шуруъ аз соати 11:00) – ҷудочиёни вазнҳои 73 кг, 81 кг миёни мардон ва 63 кг, 70 кг миёни бонувон рақобат хоҳанд кард.

Рӯзи сеюм – 28-уми март (шуруъ аз соати 11:30)  вазнҳои 90 кг, 100 кг, +100 кг миёни мардон ва 78 кг, +78 кг миёни бонувон нерӯсанҷӣ мекунанд.

Поделиться ссылкой:


Аватар

Редакция Sports.tj

Подписывайтесь и будьте в курсе всего интересного - Я.Дзен, Telegram, Instagram

Возможно , вас заинтересует

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Вы не можете скопировать содержимое этой страницы
error: Content is protected !!