Рақибони ҷудочиёни тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон муайян шуданд

Рақибони ҷудочиёни тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон муайян шуданд
Поделиться новостью
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  

Дар қаҳрамонии ҷаҳон, ки рӯзҳои 6-13-уми июн дар шаҳри Будапешти Маҷористон баргузор мешавад, ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон шаш варзишгар шомил аст.

ДУШАНБЕ, июн – SPORTS.tj. Дар пойтахти Маҷористон – шаҳри Будапешт қуръакашии Чемпионати ҷаҳон  доир гардид, ки рақибони паҳлавонони тоҷик дар марҳилаи муқаддамотӣ муайян шуданд:

Рӯзи 1 | 6-уми июн | Якшанбе

48 КГ | Даври 1 | Вакана КОГА (Ҷопон) vs Шукрона КАРЧИЕВА

Рӯзи 2 | 7-уми июн | Душанбе

66К Г | Даври 1 | Мурад ЧОПАНОВ (Русия) vs Шаҳбоз САИДАБУРОРОВ

Рӯзи 4 | 9-уми июн | Чоршанбе

81 КГ | Даври 2 | Алексиос НТАНАТСИДИС (Юнон) vs Акмал МУРОДОВ

Рӯзи 5 | 10-уми Июн | Панҷшанбе

90 КГ | Даври 1 | Адама Далекс МИНСТА ДИАРРА (Габбон) vs Комроншоҳ УСТОПИРИЁН

90 КГ | Даври 1 | Ҷаҳонгир МАҶИДОВ vs Сирил ГРОССКЛАУС (Швейтсария)

Рӯзи 7 | 12-уми Июн | Шанбе

+100 КГ | Даври 2 | Темур РАҲИМОВ vs Матсей САРНАКИ (Полша)

Пас аз хотима ёфтани рақобатҳои инфиродӣ, дар рӯзи охири Қаҳрамонӣ рақобатҳои даставӣ сурат мегиранд. Вале  тими милии Тоҷикистон бинобар сабаби нопурра будани ҳайат дар он иштирок намекунад.

 Дар мусобиқа иштироки 669 варзишгар (390 мард ва 279 зан) аз 120 кишвари панҷ қораи дунё дар назар аст.

Барои мақоми аввал – 2000 имтиёз, дуюм – 1400 имтиёз ва сеюм – 1000 имтиёз дода мешавад.

Ғолибону ҷоизадорони Қаҳрамонӣ бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз мешаванд. Барои ҷойи якум 26 ҳазор евро (20800 евро – варзишгар ва 5200 евро – мураббӣ), барои ҷойи дуюм – 15 ҳазор евро (12000 евро – варзишгар ва 3000 евро – мураббӣ), барои ҷойи сеюм – 8 ҳазор евро (6400 евро – варзишгар ва 1600 евро – мураббӣ) муқаррар шудааст.

Поделиться ссылкой:

Редакция Sports.tj

Подписывайтесь и будьте в курсе всего интересного - Я.Дзен, Telegram, Instagram

Возможно , вас заинтересует

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Powered by Live Score & Live Score App
Вы не можете скопировать содержимое этой страницы
error: Content is protected !!