Нишони нуқраи Сунатулло Лоиқов дар Ҷоми Осиё миёни ҷавонон

Нишони нуқраи Сунатулло Лоиқов дар Ҷоми Осиё миёни ҷавонон
Поделиться новостью
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  

Дар шаҳри Алматои Қазоқистон Ҷоми Осиё-2021 миёни ҷавонон (Junior Asian Judo Cup Almaty 2021) ба анҷом расид.

ДУШАНБЕ, май – SPORTS.tj. Дар ин мусобиқа, ки тайи се рӯз дар Маҷмааи варзишии ба номи Балуан Шолак идома дошт, 159 варзишгар аз 4 кишвари Осиё ширкат варзиданд. Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур 6 нафар ҷудочӣ намояндагӣ карданд.

Сунатулло Лоиқов (81 кг) рақобатро дар даври аввал муқобили ҷудокори мизбон – Бекзат Таугалиев оғоз кард.  Дар сонияҳои аввали қувваозмоӣ ҷудокори тоҷик бо иҷрои «оучи гари» имтиёзи «ваза-ари» ба даст овард ва онро то охир ҳифз намуд. Ҳамин тариқ Сунатулло ғолиби ин рақобат гашт ва ба чорякниҳоӣ роҳ ёфт.

Дар даври чорякниҳоӣ боз ҳам бар варзишгари мизбон, ин навбат – Батирхан Сакенов, бо истифода аз шеваи «масутэми вадза» ва иҷрои усули зебои «ура нагэ» пирӯз гашт.

Дар ниманиҳоӣ ҷудочии кишвари Қирғизистон – Абдулло Ҷалолиддиновро бо «иппон» мағлуб кард ва ба даври ниҳоии мусобиқот баромад.

Мутаассифона, дар мубориза барои нишони тиллои мусобиқа, аз чемпиони ҷаҳон миёни ҷавонон дар соли 2019, ҷудокори пуртаҷрибаи мизбон – Аян Байгази шикаст хӯрд ва барандаи медали нуқра гардид.

Муҳаммадсолеҳ Қувватов (60 кг) дар даври аввал дар «голден-скор» рақобатро ба варзишгари мизбон – Олжас Еренгайбов бо баҳогузории «иппон» бохт. Қурбоналӣ Бозоров (73 кг) дар даври якум аз Нурсалим Иличбек (Қирғизистон) шикаст хӯрд.

Ғаниҷон Ғаниев (73 кг) дар нахустин рақобаташ бар ҷудочии қирғиз – Мурат Каримов пирӯз гашт, вале дар чорякниҳоӣ аз ҷудокори қазоқ – Ержанат Уали ноком шуд. Ҳайдаралӣ Шоев (90 кг) ва Эмомризо Анварзода (100 кг) дар нахустин рақобатҳояшон аз ҷудокорони мизбон – Мирас Бактибай ва Журкамирза Шукурбеков мағлуб шуданд.

Поделиться ссылкой:

Редакция Sports.tj

Подписывайтесь и будьте в курсе всего интересного - Я.Дзен, Telegram, Instagram

Возможно , вас заинтересует

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Powered by Live Score & Live Score App
Вы не можете скопировать содержимое этой страницы
error: Content is protected !!