Нишонҳои биринҷии Комроншоҳ ва Темур дар чемпионати Осиё

Нишонҳои биринҷии Комроншоҳ ва Темур дар чемпионати Осиё
Поделиться новостью
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  

Дар сеюмин рӯзи чемпионати Осиё-Уқёнусия дар кишвари Қирғизистон панҷ варзишгари тоҷик Комроншоҳи Устопириён, Ҷаҳонгир Маҷидов (ҳарду дар вазни 90 кг), Мансур Раҳмон (100 кг), Темур Раҳимов ва Хуршед Маҷидов (ҳарду дар вазни +100 кг) ба зӯрозмоӣ пардохтанд.

ДУШАНБЕ, апрел – SPORTS.tj. Комроншоҳ Устопириён (90 кг) дар даври аввал бо ду «ваза-ари» бар ҷудокори Туркменистон – Шатлик Торяев ва дар чорякниҳоӣ бар Ислам Бозбаев (Қазоқистон) дастболо шуд. Мутаассифона, дар нимниҳоӣ аз ҷудочии ботаҷрибаи Ҷопон – Сёитиро Мукай бо иппон (“сэои нагэ”) мағлуб гашт.

Дар рақобат барои ҷои сеюм Устопириён муқобили варзишгари Чин – Ҳебилиге Бу қарор гирифт. Комроншоҳ дар сонияҳои охири қувваозмоӣ бо «томоэ наги» як имтиёзи «ваза-ари» касб карда, дар ниҳоят медали биринҷиро ба даст овард.

Ҷаҳонгир Маҷидов (90 кг) дар нахустин рақобаташ аз ҷудокори пурқуввати ӯзбек – Давлат Бобонов шикаст хурд ва аз идомаи рақобатҳо маҳрум шуд.

Мансур Раҳмон (100 кг) дар даврия якум аз Кайхан Озчичека-Такаги (Австралия) бо «ваза-ари» мағлуб шуд.

Хуршед Маҷидов (+100 кг) дар 2 дақиқа рақобатро ба Алишер Юсупов аз Ӯзбекистон бохт.

Темур Раҳимов (+100 кг) нерӯсанҷиро аз даври чорякниҳоӣ муқобили варзишгари мизбон – Юрий Краковетский оғоз намуд. Дар ин рақобат Темур аз назари тактикӣ беҳтар амал кард ва боис гардид, ки дар “голден скор” рақибро бо иҷрои усули «коучи гари» мағлуб куна ва ба нимниҳоӣ роҳ ёбад.

Мутаассифона, Темур дар даври ниманиҳоӣ аз рақиби ба у ошно –  Хисаёси Харасаваи ҷопонӣ бо як «ваза-ари» шикаст хурд.

Дар рақобат барои дарёфти медали биринҷии ин қаҳрамонӣ Темур бо ҷудокори Қазоқистон – Ерасил Кажибаев рӯ ба рӯ шуд. Нерӯсанҷии ҷудокорон то «голден скор» тӯл кашида, ниҳоятан Темур бо «ваза-ари» ғолиб омад ва бо медали биринҷӣ сарфароз гардид.

Пас аз дарёфти нишонҳои биринҷӣ, Комроншоҳ ва Темур 350 имтиёзӣ касб карданд.

Ҳамакнун ин сеюмин нишони ҷудокорони тоҷик аз ин қаҳрамонӣ мебошад. Зимнан, дар рӯзи дуюми мусобиқа Сомон Маҳмадбеков (73 кг) бар гирифтани медали нуқра даст ёфта буд.

Поделиться ссылкой:


Аватар

Редакция Sports.tj

Подписывайтесь и будьте в курсе всего интересного - Я.Дзен, Telegram, Instagram

Возможно , вас заинтересует

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Вы не можете скопировать содержимое этой страницы
error: Content is protected !!