Натиҷаи қуръакашии Tel Aviv Grand Slam 2021

Натиҷаи қуръакашии Tel Aviv Grand Slam 2021
Поделиться новостью
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  

Бар асоси қуръакашии мусобиқаи Tel Aviv Grand Slam, ки имрӯз дар шаҳри Тел-Авиви Исроил баргузор шуд, рақибони паҳлавонони тоҷик дар марҳилаи муқаддамотӣ маълум шуданд.

ДУШАНБЕ, феврал – SPORTS.tj. Дар рӯзи дуюми мусобиқа Сомон МАҲМАДБЕКОВ (-73кг) бо ғолиби ҷуфти   Рока Салвадор КАСЕС (Испания) – СТОДОЛСКИ Адам (Полша), Беҳрӯзи ХОҶАЗОДА (-73кг)  бо ҷудокори ӯзбек – Ҷалолиддин БОЙНАЗАРОВ, ва Акмал МУРОДОВ (-81кг) бо Александр ВЕЧЕРЗАК (Олмон) қувваозмоӣ мекунанд.

Дар рӯзи охири мусобиқа, Комроншоҳ УСТОПИРИЁН (-90кг) бо Юто ВИЛЛАР-ГАЛАРРЕТО (Перу), Темур РАҲИМОВ бо Ерасл КАЖИБАЕВ (Қазоқистон) ва Шакармамад МИРМАМАДОВ бо Наор ИТАХ (Исроил) рӯи татами мебароянд.

Баргузории мусобиқа аз санаи 18 то 20-уми феврал дар назар аст.

Поделиться ссылкой:


Аватар

Редакция Sports.tj

Подписывайтесь и будьте в курсе всего интересного - Я.Дзен, Telegram, Instagram

Возможно , вас заинтересует

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Вы не можете скопировать содержимое этой страницы
error: Content is protected !!