Натиҷаҳои Комроншоҳу Ҷаҳонгир дар рӯзи панҷуми қаҳрамонии ҷаҳон

Натиҷаҳои Комроншоҳу Ҷаҳонгир дар рӯзи панҷуми қаҳрамонии ҷаҳон
Поделиться новостью
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  

Дар рӯзи панҷуми чемпионати ҷаҳон (World Judo Championships Seniors Hungary 2021), ки дар Маҷористон ҷараён дорад, тими Тоҷикистонро дар вазни 90 кг Комроншоҳ Устопириён ва Ҷаҳонгир Маҷидов муаррифӣ карданд.

ДУШАНБЕ, июн – SPORTS.tj. Ҷаҳонгир дар даври аввал муқобили варзишгари Швейтсария – Сирил Гроссклаус қарор гирифт. Ҷудокори тоҷик аз сонияҳои аввали рақобат фаъол буда, пас аз гузашти як дақиқа бо иҷрои «о-сото-гари» тавонист аз ҳариф имтиёзи «ваза-ари» ситонад.

Мутаассифона, 40 сония монда ба анҷоми нерусанҷӣ, Ҷаҳонгир пас аз иҷрои номуваффақи усули «ура нагэ» ба ҳариф бартарӣ дод,  ки дар натиҷа варзишгари Швейтсария соҳиби имтиёзи «ваза-ари» гашт ва ниҳоятан бо иҷрои «осаекоми» бар ҷудокори тоҷик пирӯз гашт.

Комроншоҳ Устопириён дар даври якум бар ҷудокори Габбон – Адама Далекс Минста Диарра бо ду касби ду «ваза-ари» пирӯз гашт. Дар даври дуюм рақиби Комроншоҳ – Юта Галаретта Виллар (Перу) бо дарёфти се «шидо» аз ҷониби довари майдон мағлуб дониста шуд.

Мутаассифона, дар даври сеюм Комроншоҳ аз ҷудочии пурқуввати Шветсия, чаҳор карат қаҳрамони сабқатҳои Гранд Слэм – Маркус Нюман шикаст хурд ва аз идомаи рақобатҳо маҳрум шуд.

12-уми июн дар вазни +100кг Темур Раҳимов рӯи татами мебарояд.

Поделиться ссылкой:

Редакция Sports.tj

Подписывайтесь и будьте в курсе всего интересного - Я.Дзен, Telegram, Instagram

Возможно , вас заинтересует

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Powered by Live Score & Live Score App
Вы не можете скопировать содержимое этой страницы
error: Content is protected !!