Натиҷаҳои ҷудочиёни тоҷик дар рӯзи охири Antalya Grand Slam 2021

Натиҷаҳои ҷудочиёни тоҷик дар рӯзи охири Antalya Grand Slam 2021
Поделиться новостью
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  

Дар охирин рӯзи мусобиқаи бонуфузи Antalya Grand Slam 2021, кишвари моро Комроншоҳи Устопириён (90 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг) намояндагӣ карданд.

ДУШАНБЕ, апрел – SPORTS.tj. Комроншоҳи Устопириён (90 кг) дар даври аввал бо Адам Борчашвили (Австрия) нерӯсанҷӣ кард.  Ҷудокори австриягӣ ба хотири камфаолӣ ва ҳамеша  дар ҳоли дифоъ будан се “шидо” дарёфт кард ва аз идомаи рақобатҳо маҳрум шуд.

Дар даври дуюм Комроншоҳ бо Александр Сидорюк – варзишгари кишвари Беларус вориди майдони рақобат шуд. Ду ҷудокор то дақиқаи охир талош карданд аз ҳамдигар имтиёз бигиранд, аммо паҳлавони тоҷик 5 сония монда ба анҷоми нерусанҷӣ имтиёзи иппон касб карда ба дуюмин пирӯзияш даст ёфт.

Дар сеюмин қувваозмоии худ Комроншоҳ Мартин Бездеки чехро бо иҷрои зиддиусуле мағлуб кард ва ба чорякниҳоӣ баромад.

Дар чорякниҳоӣ варзишгари ботаҷрибаи Исроил – Ли Кочман, бо дарёфти се «шидо» мағлуб шуд. Ҳамин тариқ, Комроншоҳ роҳи хешро ба нимниҳоӣ ҳамвор кард.

Дар ниманиҳоӣ Комроншоҳ муқобили се карат қаҳрамони сабқатҳои Гранд Слэм, варзишгари пурқудрати Шветсия – Маркус Найман қарор гирифт. Дар 40 сония монда ба анҷоми нерусанҷӣ ҷудокори Шветсия имтиёзи «ваза-ари» касб намуда, баъдан Комроншоҳро дар ҳолати «осаекоми» нигоҳ дошт ва ҳамин тариқ ғалабаро ба даст овард.

Мутаассифона, дар рақобат барои нишони биринҷӣ Комроншоҳ аз Дэвид Кламмерт (Чехия) дар «голден скор» бо «ко-сото-гари» мағлуб шуд ва мақоми панҷумро касб намуд.

Баробари ишғол намудани ҷои панҷум, Комроншоҳ соҳиби 360 холи олимпӣ шуд.

Темур Раҳимов (+100 кг), ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм варзишгари Словения – Еней Мариничро бо «учимата» шикаст дод.

Мутаассифона дар чорякниҳоӣ аз ноиб-қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ-2016, ҷудокори пурқуввати Ҷопон – Хисаёси Харасава мағлуб шуд.

Дар даври тассалобахш Темур бо иҷрои «кансэтсу вадза» бар ҷудочии Ӯзбекистон – Алишер Юсуфов пирӯз шуд.

Дар рақобат барои медали биринҷӣ Темур бо Қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-2016, ду карат Чемпиони ҷаҳон, ҷудокори маъруфи Чехия – Лукас Крпалек рӯи татами омад.

Мутаассифона Темур низ дар рақобати ҳалкунанда ноком шуд. Крпалек аз ҳолатҳои мусоид истифода бурда, ду маротиба тавонист аз Темур бо иҷрои «томоэ наге» имтиёзи «ваза-ари» ситонад ва дар натиҷа медали биринҷиро ба даст орад.

Ҳамин тариқ, мусобиқаи Antalya Grand Slam хотима ёфт. Темур барои ҷои панҷум 360 холи олимпӣ ба даст овард. (ФҶТ)

Поделиться ссылкой:


Аватар

Редакция Sports.tj

Подписывайтесь и будьте в курсе всего интересного - Я.Дзен, Telegram, Instagram

Возможно , вас заинтересует

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Вы не можете скопировать содержимое этой страницы
error: Content is protected !!