Натиҷаҳои ҷудочиёни тоҷик дар рӯзи дуюми Kazan Grand Slam 2021

Натиҷаҳои ҷудочиёни тоҷик дар рӯзи дуюми Kazan Grand Slam 2021
Поделиться новостью
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  

Дар рӯзи дуюми мусобиқаи Kazan Grand Slam 2021 Тоҷикистонро Сомон Маҳмадбеков (73 кг) ва Акмал Муродов (81 кг) муаррифӣ карданд.

ДУШАНБЕ, май – SPORTS.tj. Сомон Маҳмадбеков (73 кг) дар даври якум озод буда, дар даври дуюм рақобати шадид бо ҷудокори Ӯзбекистон – Ҷалолиддин Бойназаров анҷом дод. Сомон дар дақиқаи аввал бо иҷрои зиддиусул тавонист як имтиёзи «ваза-ари» ба даст оварад.  Аммо пас аз 40 сония варзишгари ӯзбек бо иҷрои «сэои-наге» «ваза-ари» касб карда ва ҳисоби имтиёзҳоро баробар намуд.

Дар «голден скор» ҳарифи Сомон бо дарёфти сеюмин танбеҳаш аз сӯи довари майдон мағлуб дониста шуд.

Дар даври сеюм дар муқобили Сомон  писарамакаш – Маҳмадбек Маҳмадбеков қарор гирифт, ки таҳти парчами Русия ҳунарнамоӣ мекунад. Пас аз як ҳамлаи бомуваффақ Маҳмадбек Маҳмадбеков Сомонро дар бахши «не-ваза» (кор дар замин) бо шеваи «шиме ваза» (хафа кардан) мағлуб кард ва ба даври навбатӣ роҳ ёфт.

Рақиби Акмал Муродов (80 кг) дар даври аввал Морад Земури (Қатар) бо гирифтани се «шидо» шикаст хурд.

Мутаассифона дар даври дуюм Акмал бо дарёфти се «шидо» аз ҷудокори мизбон – Аслан Лапинагов ноком шуд.

Фардо, 7-уми май Комроншоҳи Устопириён дар вазни 90 кг, баромад хоҳад кард.

Поделиться ссылкой:

Редакция Sports.tj

Подписывайтесь и будьте в курсе всего интересного - Я.Дзен, Telegram, Instagram

Возможно , вас заинтересует

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Powered by Live Score & Live Score App
Вы не можете скопировать содержимое этой страницы
error: Content is protected !!