Натиҷаҳои ҷудочиёни тоҷик дар рӯзи дуюми Grand Slam 2021

Натиҷаҳои ҷудочиёни тоҷик дар рӯзи дуюми Grand Slam 2021
Поделиться новостью
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  

Дар рӯзи дуюми мусобиқаи Tashkent Grand Slam 2021 Тоҷикистонро чор ҷудочӣ намояндагӣ карданд.

ДУШАНБЕ, март – SPORTS.tj. Акмал Муродов (81 кг) дар даври аввал бо баҳогузории иппон аз варзишгари Қазоқистон – Дидар Ҳамза мағлуб шуда, аз идомаи сабқатҳо маҳрум шуд.

Ҳақназар Назаров (81 кг) дар даври якум бо паҳлавони гурҷӣ – Георгий Шеразадашвили қувваозмоӣ кард. Дар вақти асосии рақобат ҳеҷ кадоме ғолиб наомада, аз якдигар танҳо як имтиёзӣ (вазари) ситониданд. Ниҳоятан, дар “золотое очко” Ҳақназар зиддиусулеро то охир анҷом дода, имтиёзи тиллоии вазари-ро касб намуд ва ба даври минбаъда роҳ ёфт.

Дар даври дуюм бар рақибаш аз Руминия – Марсел Серсеа бо иҷрои усули “ягура-нагэ” пирӯз шуд. Мутаассифона, дар даври сеюм аз ҳарифи пурзӯри ҷопонӣ, ҷоизадори Бозиҳои олимпии Рио-2016 ва шаш карат қаҳрамони сабқатҳои Гранд Шлем – Таканори Нагасе бо иппон мағлуб гашт.

Сомон Маҳмадбеков (73 кг), ки дар даври нахуст озод буд, дар даври дуюм аз Евгений Прокопчуки рус бо ду вазари шикаст хурд ва аз идомаи сабқатҳо бенасиб шуд.

Миёни бонувон Шоҳида Қаландарова (63 кг) дар даври аввал озод буда, рақобатро дар даври дуюм бо намояндаи Кореяи Ҷанубӣ – Ҳи-Ҷу Ҳан баргузор кард. Ҷудокори кореягӣ дар сонияҳои охири вақти асосӣ Шоҳидаро дар ҳолати “осаекоми” нигоҳ дошта, имтиёзи иппонро касб намуд ва варзишгарбонуи тоҷикро аз идомаи рақобатҳо маҳрум кард.

Дар рӯзи охири мусобиқа Амирҷони Насимҷон, Комроншоҳи Устопириён (ҳарду – 90 кг), Саидҷалол Саидов, Мансур Раҳмон (ҳарду – 100 кг), Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов (ҳарду – +100 кг) баромад мекунанд.

Поделиться ссылкой:


Аватар

Редакция Sports.tj

Подписывайтесь и будьте в курсе всего интересного - Я.Дзен, Telegram, Instagram

Возможно , вас заинтересует

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Вы не можете скопировать содержимое этой страницы
error: Content is protected !!