Натиҷаҳои ҷудочиёни тоҷик да рӯзи аввали Kazan Grand Slam 2021

Натиҷаҳои ҷудочиёни тоҷик да рӯзи аввали Kazan Grand Slam 2021
Поделиться новостью
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  

Дар шаҳри Қазони Русия мусобиқаи бонуфузи Kazan Grand Slam ҷараён дорад. Дар нахустин рӯзи мусобиқа Тоҷикистонро 4 нафар ҷудочӣ намояндагӣ карданд.

ДУШАНБЕ, май – SPORTS.tj. Абумуслим ҚАЮМЗОДА (-60кг) дар даври аввал аз ҷудокори пуртаҷрибаи мизбон –  Роберт МШВИДОБАДЗЕ таслим шуд.

Шаҳбоз САИДАБУРОРОВ (-60кг) дар даври якум бо дарёфти се «шидо» аз варзишгари Португалия – Родриго Коста ЛОПЕС шикаст хурд.

Алиҷон САФАРАЛИЕВ (-66кг), ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз довар се танбеҳ дарёфт кард ва ҳамин тариқ рақобатро ба Есет КУАНОВи қазоқ бохт.

Баҳром СУФИЕВ (-66кг) низ қувваозмоиро аз даври дуюм оғоз намуд. Рақиби Баҳром – Айюб ЭЛИДРИСИ аз кишвари Қатар ба хотири камфаолӣ се «шидо» гирифт ва аз идомаи рақобатҳо маҳрум шуд.

Мутаассифона дар даври сеюм аз ҷудочии мизбон Арам ГРИГОРЯН бо се «шидо» мағлуб шуд.

Ҳамин тариқ, рӯзи якуми мусобиқа барои варзишгарони тоҷик бебарор анҷом ёфт.

Фардо, дар рӯзи дуюми мусобиқа Сомон МАҲМАДБЕКОВ (-73кг) ва Акмал МУРОДОВ (-81кг) ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Поделиться ссылкой:

Редакция Sports.tj

Подписывайтесь и будьте в курсе всего интересного - Я.Дзен, Telegram, Instagram

Возможно , вас заинтересует

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Powered by Live Score & Live Score App
Вы не можете скопировать содержимое этой страницы
error: Content is protected !!