Муҳаммадризо Қувватов – ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ оид ба кураш

Муҳаммадризо Қувватов – ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ оид ба кураш
Поделиться новостью
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  

Дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба кураш барои ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Узбекистон паҳлавонони тоҷик 4 медал – 1 тилло, 1 нуқра, 2 биринҷӣ ба даст оварданд.

ДУШАНБЕ, апрел – SPORTS.tj. 15-ум нашри мусобиқа ба хотираи Ҳаким Тирмизӣ дар шаҳри Тирмиз аз рӯи панҷ категорияи вазнӣ бо иштироки беш аз 150 паҳлавон аз 30 давлат сурат гирифт.

Медали тиллоро дар ҳайати Тоҷикистон Муҳаммадризо Қувватов дар вазни 60 кг сазовор шуд. Ӯ дар қувваозмоии финалӣ Абдулазиз Ҳамроеви узбекистониро мағлуб кард.

Додохон Қурбоналиев дар вазни мутлақ медали нуқра ба гардан овехт. Ҳусайн Илсоҳзода дар вазни 73 кг ва Неъматулло Арслонқулов дар вазни мутлақ медалҳои биринҷӣ гирифтанд. (КМОТ)

Поделиться ссылкой:


Аватар

Редакция Sports.tj

Подписывайтесь и будьте в курсе всего интересного - Я.Дзен, Telegram, Instagram

Возможно , вас заинтересует

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Вы не можете скопировать содержимое этой страницы
error: Content is protected !!