Мо чемпионпарвар шудем!

Мо чемпионпарвар шудем!
Поделиться новостью
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  

Бас аст бегонапарастӣ, бас аст номҳои футболбозони дигарро вирди забон овардан, бас аст, ба дигар тимҳои хориҷа мухлиси намудан, бас аз пайравии Мессиву Роналду кардан.

ДУШАНБЕ, феврал – SPORTS.tj. Вақташ расид, ки аз футболбозони худ фахр кунем, вақташ расид, ки футболбозони худро шиносем, вақташ расид, ки ба футболбозони худ пайравӣ кунем.

Албатта корнамоиҳое, ки ин футболбозони ҷавони мо анҷом доданд, ногуфтанисту, бо ҳарфҳои заррин навиштанист. Акнун навбат ба @fft_official ву дастаҳои кишвар расидааст, ки роҳи ин футболбозонро ҳамвор намоянд, то тавонанд озодона ба дигар дастаҳои хориҷӣ сафарбар шаванд.

Вақти он расидааст, ки мо бо агентҳои футболии ҷаҳонӣ муроҷиат кунем. Мо маҳз дар ҳамин синну сол дао чемпионати ҷаҳон иштирок намудем, бояд дар Ҷоми ҷаҳони 2026 иштирок намоем. Чун мо маҳорат дорем, малакаамон мерасад. Мо дар ин синну сол дар Осиё мақоми дуюм ҳастем. Мефаҳмед, дуюм! Не Эрон, не Куриё. Тоҷикистон пас аз Ҷопон мақоми дуюм аст.

Дар Ҷоми Рушд 3 давлати Аврупоиро шарманда намудем, ҳамаи ҳарифро ба зону занондем, то ба мо гуянд, ки Тоҷикистон дар ҳақиқат қувваи бузургеро дар оянда соҳиб аст. Мо метавонем, ва бояд ин оғози кор бошад.

Футболбозон бояд танбали накунанд, бештар машқ намоянд, бештар илми футболӣ омузанд, бештар ҳаракат кардан ба суи пешро ёд гиранд. Мо дарҳол намегуем, ки тимҳои пурқуввати Аврупо равед, аз тимҳои хурдакак оғоз кунед, ояндааш хуб мешавад. Ман ба шумо бовар дорам. Тоҷикистон ба пеш, ба пеш, ба пеш!!!

Поделиться ссылкой:


Редакция Sports.tj

Подписывайтесь и будьте в курсе всего интересного - Я.Дзен, Telegram, Instagram

Возможно , вас заинтересует

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Powered by Live Score & Live Score App
Вы не можете скопировать содержимое этой страницы
error: Content is protected !!