Мавқеи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар рейтинги нав

Мавқеи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар рейтинги нав
Поделиться новостью
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  

Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар рейтинг ё раддабандии ҷаҳонӣ, ки дар futsalworldranking.be нашр шудааст, дар байни 115 кишвар бо 921 имтиёз дар ҷойгоҳи 62-юм қарор гирифтааст.

ДУШАНБЕ, январ – SPORTS.tj. Тоҷикистон дар байни дастаҳои мунтахаби миллии футзали Осиё мақоми 11-умро соҳиб шудааст. Дар Осиё Эрон дар мақоми аввал (дар ҷаҳон бо 1609 имтиёз дар зинаи 6-ум) қарор дорад.

Ҷопон дувум (дар ҷаҳон 16-ум, 1368 имтиёз) ва Ӯзбекистон севум (дар ҷаҳон 28-ум, 1195 имтиёз) мебошанд.

Дар феҳристи нави ҷаҳонӣ мунтахаби футзали Испания бо 1808 имтиёз ҷойи аввалро касб намудааст. Бразилия бо 1803 имтиёз дар зинаи дувум ва Аргентина бо 1694 имтиёз дар зинаи севум ҷойгир шудаанд.

Поделиться ссылкой:


Аватар

Редакция Sports.tj

Подписывайтесь и будьте в курсе всего интересного - Я.Дзен, Telegram, Instagram

Возможно , вас заинтересует

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Вы не можете скопировать содержимое этой страницы

error: Content is protected !!