Манучеҳр Ҷалилов иқрор шуд, ки ба монанди кадом футболбоз бозӣ кардан мехоҳад

Манучеҳр Ҷалилов иқрор шуд, ки ба монанди кадом футболбоз бозӣ кардан мехоҳад
Поделиться новостью
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  

Расонаҳои эронӣ ҳамоно дар андешаи дидори ҳассоси «Истиқлол»-и Душанбе бо «Персеполис»-и Теҳрон дар мусобиқи Ҷоми қаҳрамонони Осиё ба суроғи ситораҳои футболи Душанбеанд ва сафаҳоти нашрияву сомонаҳои худро бо муколама ҳое оро медиҳанд.

ДУШАНБЕ, май – SPORTS.tj. Ин бор сомонаи маъруфи мусоҳибаи ҷолибе бо Манучеҳр Ҷалилов, капитани дастаи «Истиқлол», доир намудааст. Хабарнигор овардааст, Манучеҳр аз пуртарафдортарин бозикуни футболи Тоҷикистон, мегӯяд – беҳтарин бозии умрашро дар муқобили ин тим ироя хоҳад кард.

Гуфта мешавад, бо суъуди «Истиқлол»-и Тоҷикистон ба марҳалаи ҳазфии Лиги қаҳрамонон, ин тим дар байни ҳаводорони эронӣ низ беш аз пеш шинохта шуда ва мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст. Дар шабакаҳои иҷтимоъӣ аз бозикунҳои «Истиқлол» Манучеҳр Ҷалилов бо паёмҳои пуртеъдоди ҳаводорони эронӣ мувоҷеҳ шудааст.Ӯ дар саҳифаи Инстаграм 163 ҳазор обуначӣ дорад.

Ҷалилов пештар танҳо паёмҳое ба хатти русӣ ва гуфтори тоҷикӣ дар қисмати коментҳо дошт, зери посте ки голашро ба “Аа-Ҳилол” мунташир карда, паёмҳои форсиро гирифта, ки ҳовии орзуҳои муваффақияти ӯянд. Хабарнигор мегӯяд, бо Манучеҳр, ки сисола аст ва пештар дар Русияву Ҷумҳурии Индонезия бозӣ кардааст, дар хусуси масоили мухталиф гап задем.

Ӯ забони форсиро ҳам ба хубӣ суҳбат мекунад ва ҳамчунин барои ҳузур дар Эрон ибрози алоқа кардааст.

– Манучеҳр, ту пуртарафдортарин бозигари Тоҷикистон дар Инстаграм ҳастӣ; аз ин мавзуъ чӣ иҳсос дорӣ?

– Аввал ин ки бигӯям, воқиъан обуначӣ доштан рабте ба ин надорад ки ман беҳтар аз бақия ҳастам. Ман 10 сол аст, ки дар тими миллӣ бозӣ мекунам ва ба ҳамин хотир мавриди таваҷҷуҳи ҳаводорони футбол қарор гирифтаам. Ҳамчунин бозӣ дар Русия ва Ҷумҳурии Индонезия кумак карда ки бештар шинохта шавам. Муваффақият дар Лиги қаҳрамонон ҳам боъис шуд, то хеле аз ҳаводорони дигар кишварҳо бо мо ошно шаванд.

– Иттифоқан дар ин маврид. Барои худат садрнишинӣ дар ин гурӯҳ қобили бовар аст?

– На! Аммо бо тамоми вуҷуд ва дар қалбам ба он эътиқоду бовар доштам. Фақат Худо медонист, ки чӣ иттифоқе рух хоҳад дод ва ҳама чиз чӣ гуна пеш хоҳад рафт. Теъдиди каме аз афрод ба мо имон доштанд, аммо мо хилофи инро ба ҳама собит кардем.

– Дар телвизион дидам, ки баъд аз бохт ба Олмалиқ хеле аз бозикунон хашму афсурдагӣ доштанд, аммо «Шубоб Ал-Аҳли Дубай» дар дидори дигар ба нафъи шумо бозӣ кард.

– Дар он дақиқаҳо фишори зиёди руҳию равонӣ рӯйи мо вуҷуд дошт. Мо фикр мекардем, ки бо бохт дар ҳоли ҳазф ҳастем ва натиҷаи бозии дигарро намедонистем. Комилан ноумед шуда будем, аммо вақте фаҳмидем он бозӣ чӣ иттифоқе рух дода, бисёр лаззат бурдем ва яке аз беҳтарин рӯзҳои зиндагимон буд.

– Шумо даст ба кори бузурге задаед. Чаҳор гол муқобили «Ал-Ҳилол» ба самар рас ондед, ки шояд кори ҳар тиме набошад.

– Мо дар бораи «Ал-Ҳилол» чизе намедонистем, фақат медонистем ки тими қудратманде ҳаст. Ҳамон тавре, ки гуфтам, ҳич кас, ба ҷуз Худо намедонад дар оянда чӣ иттифоқе рух хоҳад дод. Муҳиммтарин чиз ин буд, ки мо мусаммам будем ва дар тамоми дақиқаҳои бозӣ ҷангидем, тамоми қудрати худро гузоштем ва баъд аз бозӣ дигар ҳич тавоне надоштем ва гӯиё як сол футболбозӣ карда будем.

– Ту сисола ҳастӣ ва таҷрибаи зиёде дорӣ; агар пешниҳоде аз Эрон бошад, чӣ тасмиме мегирӣ?

– Футболи Эрон бисёр қудратманд аст ва мо футболи Эронро дунбол мекунем. Онҳо ҳар сол дар Лиги қаҳрамонон инро собит кардаанд ва боъиси ифтихори ман аст агар рӯзе дар Эрон бозӣ кунам.

– Бозӣ бо «Персеполис»-ро чӣ гуна мебинӣ?

– «Персеполис» соли пеш финалист шуда ва бидуни шакк рақиби бисёр хатарноке барои мо хоҳад буд. Мо медонем, муқобили «Персеполис» барои мо бисёр сахт аст, аммо агар касе аз тими «Персеполис» ин мусоҳабаро мехонад, мутмаъин бошад, ки мо аз онҳо наметарсем (бо ханда).

Мо дар ҳоли омодасозӣ ҳастем ва барои муқобили «Персеполис» талош мекунем. Фаромуш накунед, ин бозӣ дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд ва мо ҳимояти ҳаводоронро дорем ки аҳаммийяти бисёр зиёде дорад.

– Дар бораи «Персеполис» суҳбат кардӣ. Ҳоло бирасем ба «Истиқлол»-и Эрон, тиме ки ҳамноми шумост.

– Ман дар бораи «Истиқлол» шунидаам, аммо шунидаҳоям маҳдуд ба ин аст, ки онҳо ҳар сол муддаии қаҳрамонӣ ҳастанд; ҳамин.

– Фикр мекунӣ, ту аз легионерҳои «Персеполис» беҳтар бошӣ?

– Ман голҳои легионерҳои «Персеполис»- ро дар Лиги қаҳрамонон дидам, аммо намехоҳам муқоиса кунам, чун ман тамоми мусобиқаро надидаам. Мо қабл аз бозӣ бо ««Персеполис» ҷузъиёти онҳоро тамошо хоҳем кард ва он мавқеъ ҳатман бо шумо суҳбат хоҳам кард. Мо бояд бидонем нуқтаи заъфи «Персеполис» чист, то ба онҳо зарба бизанем.

– Яъне шадидан умедвор ба пирӯзӣ ҳастед?

– Бале, роҳе ба ҷуз бурд муқобили «Персеполис» надорем.

– Фикр мекунӣ, худат ҳам гол бизанӣ?

– Ҳар ҳамлаваре дӯст дорад, голзанӣ кунад, аммо пирӯзӣ аҳаммийяти бештаре дорад, хатти дифоъии «Персеполис» мутмаъин бошад, ман агар гол ҳам назанам, беҳтарин бозимро ироя хоҳам кард.

– Дар бозӣ бо «Шубоб Ал-Аҳли Дубай» шумо голи пирӯзиро дар дақиқаи 96 задед.

– Голро Алишер, бародари ман, ба самар расонд. Ман ба ӯ ифтихор мекунам ва дӯст дорам дар бораи ин гол шахсан бо ӯ суҳбат кунед.

– Кудом лаҳзаи Лиги қаҳрамонон бароят ҷаззобтар буд?

– Ҳар бозӣ ва ҳар ҷаласаи тамринӣ дар тули Лиги қаҳрамонон лаҳазоте фаромушнашуданӣ барои мо буд. Аммо фақат як лаҳзаро бихоҳам бигӯям, бозӣ бо «Ал-Ҳилол» буд, ки бароям фаромушнашуданист. Он як рӯзи таърихӣ дар футболи мо буд.

– Саййидҷалоли Ҳусайнӣ, дифоъгар ва капитани «Персеполис» -ро мешиносӣ?

– Бале, бо ӯ ошно ҳастам. Бо таҷриба аст, дифоъгари хубу муназзамест.

– Ту забони форсиро дар кадом сатҳ медонӣ?

– Ман бо тоҷикӣ хеле хуб суҳбат мекунам, чун забони модариям ҳаст. Форсиро ҳам баладам, мутаваҷҷеҳ мешавам, аммо баъзе калимаҳо мутафовит ҳастанд.

– Ҳаводорони эронӣ ҳам ба ту ва тиматон алоқаи зиёде доранд.

– Тарафдорони эронӣ дӯстдоштанӣ ва фавқулода ҳастанд. Ба ҳар ҳол ҳаводор нақши муҳимме дорад ва ёри 12-уми ҳар тим аст. Ифтихор мекунам ки бо ҳаводорони эронӣ ошно шудаам.

– Умедворӣ, ки ба Ҷоми миллатҳо ё Ҷоми ҷаҳонӣ бирасӣ?

– Мо воқиъан саҳмияи Ҷоми миллатҳоро мехоҳем. Тоҷикистон ҳаргиз дар Ҷоми миллатҳо бозӣ накардааст ва ҳоло ин як фурсати вижа барои мост. Ин як лаҳзаи таърихист ва умедворам хости Худо ҳам ҳамин бошад.

– Дӯст дорӣ, мисли чӣ касе футбол бозӣ кунӣ?

– Муҳаммад Салоҳ.

– Дербии Теҳронро то ҳоло дидаӣ?

– Фаҳмидаам ки «Персеполис» 1:0 «Истиқлол»-ро шикаст дод.

Поделиться ссылкой:

Редакция Sports.tj

Подписывайтесь и будьте в курсе всего интересного - Я.Дзен, Telegram, Instagram

Возможно , вас заинтересует

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Powered by Live Score & Live Score App
Вы не можете скопировать содержимое этой страницы
error: Content is protected !!