Мадина Фозилова: “Ният дар лигаи чемпионҳои Аврупо Тоҷикистонро муаррифӣ намудан”

Мадина Фозилова: “Ният дар лигаи чемпионҳои Аврупо Тоҷикистонро муаррифӣ намудан”
Поделиться новостью
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  

Футболбоздухтари тоҷик Мадина Фозилова оғоз аз мавсими нави футболи Гурҷистон бо дастаи “Нике”-и ин давлат шартнома ба имзо расонидааст.

ДУШАНБЕ, май – SPORTS.tj. Хабарнигори SPORTS.tj бо ин бону оиди чемпионати ин мамлакат ва орзуву нияташ пурсон шуд.

– Мехостам ҳаминро гуям, ки чемпионат дар Гурҷистон хеле пуршиддат аст. Ҳама дастаҳо ҷиддӣ баромад мекунанд. Анқариб тамоми клубҳо спонсорҳои худро дороанд. Агар футболи имрузаро назар кунем, ҳама аз сармоягузор ва маблағ вобаста шудааст. Вақте пул ҳаст, сармоя ҳаст он даста рушд мекунад. Тоҷикистон низ дар солҳои охир ба футболи бонувон аҳамият дода истодааст, вале нисбати Гурҷистон хеле қафо мебошад.

– Пеш аз рафтан ба ин тим оид ба чемпионати Гурҷистон ва ё клуби Нике ягон маълумот доштед?

– То ҳангоме, ки ба ман оиди гузариш ба ин даста хабар расид, ягон чизеро намедонистам ва пас аз он аввалин маълумоте, ки гирифтам, ҳамин буд, ки даста дар лигаи чемпионҳои Аврупо байни бонувон иштирок мекардааст. Маълумоти бештарро пас аз омаданам ба тим пайдо намудам.

– Чихел шуд, ки аз ин даста ба шумо пешниҳод омад?

– Як агент, ки дар бо ин даста ҳамкории зич дорад, тавонист, ки маротба ин даста гузариш кунонад.

– Шуморо чи гуна қабул карданд?

– Хеле хуб қабул карданд. Атмосфераи даста хеле олӣ аст. Ҳаиа футболбоздухтарон бо якдигар дугонаем. Умуман аз интихобам розиям.

– Ду се бозии охир шуморо дар ҳайат намебинем. Сабаб чи бошад?

– Ҳоло камтар ҷароҳат дорам. Хушбахтона онқадар ҷиддӣ несӣ, бы а наздики ба майдон мебароям.

– Бо ҳамдастагон бо кадом забон гуфтугӯ мекунед?

– Албатта, ки бо забони русӣ. Кам-кам забони гурҷиро ҳам омӯхта истодаам. Инчунин аз ҷиҳати хат танқисии ҷиддӣ дорам.  Хати кирилӣ истифода намекунанд.

– Чи ният доред?

– Ният дорам, ки бо бозии хубам тавонам, ки футболи занонаи тоҷикро дар лигаи чемпионҳои Аврупо муаррифӣ кунам.

Поделиться ссылкой:

Редакция Sports.tj

Подписывайтесь и будьте в курсе всего интересного - Я.Дзен, Telegram, Instagram

Возможно , вас заинтересует

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Powered by Live Score & Live Score App
Вы не можете скопировать содержимое этой страницы
error: Content is protected !!