Мақоми панҷуми Шукрона Карчиева дар чемпионати Осиё ва Уқёнусия

Мақоми панҷуми Шукрона Карчиева дар чемпионати Осиё ва Уқёнусия
Поделиться новостью
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  

Дар рӯзи якуми чемпионати Осиё ва Уқёнусия, ки дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон ҷараён дорад, Тоҷикистонро се бонуи ҷудокор намояндагӣ кард.

ДУШАНБЕ, апрель – SPORTS.tj. Шукрона Карчиева (48 кг) дар даври аввал Ка Ли Вонг аз Гонконгро дар сонияҳои охири рақобат бо «ваза-ари» шикаст дод, аммо дар даври дуюм аз Чен-Ҳао Лин (Тайпей) бо «иппон» (тсурикоми-гоши) мағлуб шуд.

Дар даври тассалобахш ҷудокорбонуи кишвари мизбон – Айсулу Мусакуловаро бо усули «ҷуҷи-гатамэ» (лат додани даст) мағлуб кард.

Мутаассифона, дар мубориза барои нишони биринҷӣ аз варзишгари Ӯзбекистон – Гулнур Муртабаева бо баҳогузории «иппон» шикаст хурд.

Аҳлия Муъминова (52 кг) дар тули 3 дақиқа аз варзишгарбонуи Туркменистон – Гулбодом Бобомуродова бо «иппон» таслим шуд. Фазилат Гулбоева (-52кг) низ дар нерӯсанҷӣ бо намояндаи Австралия – Тинка Истон ноком шуд.

Ҷудокорбонуи Австралия дар дақиқаи охири қувваозмоӣ аз Фазилат як «ваза-ари» ситонида, ин имтиёзи худро бо иҷрои «осаекоми» ба «иппон» табдил дод ва ғалабаро ба даст овард.

Фардо, Сомон Маҳмадбеков (73 кг), Ҳақназар Назаров (81 кг) ва Акмал Муродов (81 кг) ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Барномаи баргузории рӯзи дуюми мусобиқа:

Рӯзи дуюм (7-уми апрел):

Оғоз: 11:00

Марҳилаи ниҳоӣ: 16:00-18:00

Занон: 63, 70 kg;

Мардон: 73, 81 kg

Поделиться ссылкой:


Аватар

Редакция Sports.tj

Подписывайтесь и будьте в курсе всего интересного - Я.Дзен, Telegram, Instagram

Возможно , вас заинтересует

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Вы не можете скопировать содержимое этой страницы
error: Content is protected !!