Лижаронҳои тоҷик дар ҷоми Анатолиа ширкат мекунанд

Лижаронҳои тоҷик дар ҷоми Анатолиа ширкат мекунанд
Поделиться новостью
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  

20-21 феврал дар шаҳри Эрзуруми Туркия мусобиқаи навбатии Федератсияи байналмилалии лижаронӣ (FIS) – Ҷоми Анатолиа баргузор мешавад.

ДУШАНБЕ, феврал – SPORTS.tj. Ба иттилои Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши Тоҷикистон, дар мусобиқа, ки танҳо аз рӯи равияи слалом миёни мардон ва бонувон баргузор мешавад, ду варзишгари тоҷик – Сайфиддини Низомиддин ва Баҳриддин Ғоибов иштирок мекунанд.

Варзишгарон дар ин мусобиқа, дар сурати иҷро кардани меъёрҳои муайяннамудаи FIS, имкон доранд соҳиби роҳхат ба Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин-2022 гарданд.

Ёдовар мешавем, ки Сайфиддин Низомиддин ва Баҳриддин Ғоибов аз дастгирии молиявии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бархурдоранд ва барои ба даст овардани роҳхати Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин, ки 4-20 феврали соли 2022 баргузор мешавад, талош мекунанд.

Поделиться ссылкой:


Аватар

Редакция Sports.tj

Подписывайтесь и будьте в курсе всего интересного - Я.Дзен, Telegram, Instagram

Возможно , вас заинтересует

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Вы не можете скопировать содержимое этой страницы
error: Content is protected !!