Лигаи олӣ барои реклама ниёз дорад

Лигаи олӣ барои реклама ниёз дорад
Поделиться новостью
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  

Имрӯзҳо футболбозони тоҷик ба дастаҳои хориҷӣ гузашта истодаанд ва мебинем, ки дастаҳое, ки футболбозони моро шартнома мекунанд, чи гуна обу тоб медиҳанд.

ДУШАНБЕ, декабр – SPORTS.tj. Чаро дастаҳои лигаи олии мо чунин нестанд?

Фатҳуллоевро “гладиатор” номиданд

Пас аз оне, ки Ченнайин хабари футболбози тоҷик Фатҳулло Фатҳуллоев-ро нашр намуд, чи гуна рекламаҳое намуданд. Чи коллажу чи рекламаҳо карданд, дар бораи Фатҳулло Фатҳуллоев чиҳоеро наёфтанду насохтанд, ки баъзе маълумотҳоро (ман худ шарм кардам) дар Тоҷикистон истода, дар бораи футболбози тоҷик намедонистем.

Ҳатто Фатҳулло Фатҳуллоевро ба Гладиатори Рим баробар карданд. Маҳз бо чунин рекламаву овезаҳои мазкур Ченнайин тавонист, ки худро дар дохили Тоҷикистон реклама кунад ва ба онҳо муяссар ҳам шуд, чун мебинем, ки зери постҳои Ченнайин шарҳҳои тоҷикӣ бисёр шудаанд.

Ҳамчунин мухлисони тоҷик аз рафти чемпионати Ҳиндустон баҳраманд мешаванд.

Шериддин намондаи Тоҷикистон дар Малайзия

Худ қазоват кунед, ҳоло Шериддин Бобоев дар Тоҷикистон қарор дорад, вале аксҳое, ки тими Пенанг сохтанду баҳри мухлисон пешниҳод намуданд, аз он шаҳодат медиҳад, ки тим мехоҳад, ки дар Тоҷикистон обру дошта бошад.

Пенанг, ки дар таърихи фаолияташ аввалин маротиба ба суперлигаи Малайзия баромад, ба наздики ҳамлагари тоҷик Шериддин Бобоевро шартнома кард. Шериддине, ки чанде пеш Риу Аве-и Португалия чашм ало намуда буд, акнун чемпионати Малайзиярл зеб медиҳад.

Тенерифе ба футболбози тоҷик чашм ало кардааст

Зери чунин пост мо мақолае дар ҳамин саҳифа гузошта будем, ки Тенерифе ба футболбози тоҷик Далер Ёдгоров чашм адо кардааст. Лек аз тарафи мухлисон хуб қабул нашуд, чун шарҳҳои Испания буду – Бангладеш ва ё Индонезия мешавад. Далер Ёдгоров аллакай чемпионати Тоҷикистонро паси сар кардааст ва бояд худро дар хориҷа нишон диҳад.

Дар лигаи олӣ чи гуна аст?

Аллакай тайи чанд сол шудааст, ки Тоҷикистон номи лигаи худро иваз кардааст. Аз лигаи олӣ ба Лигаи футболии Тоҷикистон иваз карда шудааст, вале то ҳол 99%-и аҳолӣ лигаи олӣ ном мебаранд. Реклама дар дастаҳои лигаи мо чи гуна аст?

Хуб, дастаҳои Истиқлол ва Хуҷанд ва гоҳе дигар дастаҳо аз шартнома бастанашон хабар медиҳанд. Кай таваллуд шудааст ва дар куҷоҳо баромад кардааст. Ба ҳамин тамом.

Баъзе футболбозонро намедонӣ дар кадом даста бозӣ мекунад. Мебенӣ, ки кадом футболбозе аз як давлати хориҷае омадаасту хабари дар фалон даста буданашро танҳо дар майдон мебинӣ.

Ягон даста бо СМИ алоқамандие надорад. Кам рекламаҳоро мебинем, ки дар кучаҳо анонси футбол навишта шуда бошад. Майдонҳои футболӣ ҳоҷати гап нест ва ин аллакай мавзуи дигар.

Мо мусоҳибаи пеш ва пас аз бозӣ надорем

Дар Тоҷикистон мусоҳибаи пеш ва пас аз бозии мураббиён ва футболбозон умуман вуҷуд надорад, ба ғайр аз юозиҳои финаливу суперкубок. Ҳамчунин ягон сайте сифрфутбол дар Тоҷикистон амал намекунад, ки аз хабарҳои имрузу фардои меҳан ба мо хабар диҳанд.

Танҳо ду се саҳифаҳои инстаграмми аст, ки мухлисонро аз бурду бохт огоҳ мекунад. Мухлисони бечора аз ҳаёти берунифутболии Футболбозонамон ягон маълумоте надоранд. Чароҳо бисёранд….

Поделиться ссылкой:


Аватар

Редакция Sports.tj

Подписывайтесь и будьте в курсе всего интересного - Я.Дзен, Telegram, Instagram

Возможно , вас заинтересует

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Вы не можете скопировать содержимое этой страницы

error: Content is protected !!