Курси омӯзишии онлайн барои мураббиёни камонварӣ

Поделиться новостью
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  

Дар доираи Барномаи рушди сохтори Федератсияи камонварӣ, ки Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар асоси дастгирии молиявии Ҳамбастагии олимпӣ амалӣ намуд, курси омӯзишӣ барои мураббиёни намуди камонварӣ доир шуд.

ДУШАНБЕ, октябрь – SPORTS.tj. Курси омӯзиширо коршиноси дараҷаи байналмилалӣ Людмила Аржанникова тариқи онлайн гузаронд. Тибқи барнома машғулиятҳо аз ду қисм иборат буд – нимаи аввали рӯзро мураббиён ба таври амалӣ ва нимаи дуюмро ба таври назариявӣ гузаштанд.

Дар вақти машғулиятҳо диққати бештар ба алоқамандии базаи техникӣ ва дастоварҳои олии варзишӣ дода шуд. Таҷрибае, ки дар ин курс ба мураббиёни тоҷик пешниҳод гардид, дар Нидерланд коркард шуда будааст. Ба барномаи курси омӯзишӣ таҳлил ва ислоҳи техникаи мураббиён, таҳлили техникаи базавӣ, таҳлили умумии техникаи камонварон дар асоси сабтҳои видеоӣ ва такмили механикии камонварон ворид буд. Инчунин масъалаҳо оид ба ангеза, ирода, рӯҳияи дастаи олимпичиёни оянда, техника, нақшагирӣ ва ғайра баррасӣ шуд.

Дар замони баргузории курс аз ҷониби Зебинисо Рустамова ҷиҳати беҳтар кардани техникаи камонварӣ барои мураббиён мастер-класс гузаронида шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи Барномаи рушди сохтори Федератсияи камонварии Тоҷикистон қаблан курси омӯзишӣ барои доварон ва дар се минтақаи кишвар семинарҳои омӯзишӣ барои маъмурони намуди камонварӣ доир гардиданд. (КМОТ)

Поделиться ссылкой:


Аватар

Редакция Sports.tj

Подписывайтесь и будьте в курсе всего интересного - Я.Дзен, Telegram, Instagram

Возможно , вас заинтересует

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Вы не можете скопировать содержимое этой страницы