Конференсияи интихобии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон доир шуд

Конференсияи интихобии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон доир шуд
Поделиться новостью
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  

Дар шаҳри Душанбе конференсияи ғайринавбатии ҳисоботию интихобии Федератсияи ҷудои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. 

ДУШАНБЕ, октябр – SPORTS.tj.  Дар конференсия аъзои федератсия, меҳмонон – котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Муҳаммадшо, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Дилшод Назаров ширкат намуданд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, аз рӯи масъалаи якуми ҷаласа ноиби президенти Федератсияи ҷудо Парвиз Нориён баромад намуда, оид ба фаъолияти федератсия дар давраи солҳои 2017-2020 ҳисобот дод. Аз ҷумла қайд гардид, ки яке аз лоиҳаҳои муҳим, ки амалӣ шуд, “Ҷудо дар мактаб” мебошад.

Дар доираи ин лоиҳа 10 мактаби ноҳияҳои дурдасти кишвар бо татамӣ ва либоси варзишӣ таъмин шуданд. Ин имкон дод, ки дар ҳар ноҳия ҳадди ақал 50 наврас ба ҷудо машғул гардад. Ҳамчунин, таъкид шуд, ки дастоварди варзишгарони намуди ҷудо дар чорсолаи охир назаррас аст ва муҳимтарини онҳо медали тиллои Сомон Маҳмадбеков дар Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон дар соли 2019 мебошад. 

Аъзои федератсия якдилона Нурулло Лоиқовро дигарбора президенти Федератсияи  ҷудои Тоҷикистон интихоб карданд. Ҳамчунин, ноиби якум, ноибон, котиби генералӣ,  директори генералӣ, раиси комиссияи доварон ва раиси комиссияи тафтишотӣ интихоб шуданд. (КМОТ)

Поделиться ссылкой:


Аватар

Редакция Sports.tj

Подписывайтесь и будьте в курсе всего интересного - Я.Дзен, Telegram, Instagram

Возможно , вас заинтересует

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *