Хуршед Бекназаров чун Сиёвуш Асроров Бангладеш рафт

Ҳимоятгари 26 солаи тоҷик Хуршед Бекназаров ки мавсими 2020-ро дар тими Хуҷанд сипарӣ намуда буд бо дастаи Рахматгонж-и Бангладеш шартнома баст.
ДУШАНБЕ, декабр – SPORTS.tj. Соли гузашта дар ин тим ҳимоятгари дигари тоҷик Сиёвуш Асроров баромад менамуд ва акнун Хуршед дар таърихи ин даста дуюмин тоҷик хоҳад шуд.
Ҳамчунин чанде пеш Сиёвуш Асроров ба муддати 6 моҳ бо тими дигари Бангладеш Шейх Рассел шартнома карда буд. Акнун дар премйер-лигаи Бангладеш ду тоҷик баромад хоҳад кард.