«Хуҷанд» имсол нияти чемпионшавӣ дорад

Аллакай байни мухлисон хабару овозаҳо оиди тими «Хуҷанд», ки имсол нияти чемпионшавӣ дорад бисёр шудааст ва ба ҳамин хотир мо аз роҳбарияти тим овозаҳои рӯзҳои охирро пурсон шудем.
ДУШАНБЕ, январ – SPORTS.tj. Дар саволҳои мо директори клуб Муродҷон Умаров чунин ҷавоб дод.
– Муродако, рузҳои охир мухлисон аз мо пурсида истодаанд, ки тими «Хуҷанд» кай ба мавсими нав омодагиашро оғоз мекунад?
– Тими мо оғоз аз 10 январ тамринҳои худро барои мавсими 2021 оғоз мекунад. Дар наздамон мақсадҳои максималӣ монда шудааст ва аз иҷрои он бояд баромад.
– Никола Стошич ва Амирбек Ҷурабоев ба навиштаи баъзе сарчашмаҳо ба тими «Хуҷанд» мепайванданд. То чи андоза ба ҳақиқат наздик аст?
– Ҳоло дар ин бора бо ин футболбозон гуфтушуниде накардаем, ин танҳо овозае аст, ки мухлисон паҳн кардаанд. Мухлисон ҳақ доранд, вале мегуям, ки ҳоло бо ягон футболбоз гуфтушунидро оғоз накардаем.
– Дар ҳайъат дигаргуниҳо дида мешавад?
– Албатта, футболбозон ба ҳар мавқеъ даъват мекунем, пас аз оне, ки мр футболбозро даъват менамоему шартнома мебандем, пас эълон хоҳем кард.
– Сармураббӣ Мубин Эргашев мешудааст. Чунин гапҳо ҳам ҳаст.
– Ин гап ҳам асоси воқеи надорад, ҳоло мураббигиро бар души Рустам Хоҷаев вогузор кардаем.
– Фузайлов чӣ?
– Ҳоло 50 ба 50. Ҳоло буҷети даста барои ин мавсим аниқ карда нашудааст ва агар қудратамон аз ҳисоби молиявӣ расад, ӯро нигоҳ медорем.
Мақсуд Иброҳимов, Sports.tj