Grand Slam Венгрия-2020 – бе иштироки паҳлавонони тоҷик

Grand Slam Венгрия-2020 – бе иштироки паҳлавонони тоҷик
Поделиться новостью
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  

Рӯзҳои 23-25-уми октябр   дар пойтахти Венгрия – шаҳри Будапешт мусобиқаи байналмилалии ҷудо – Grand Slam Венгрия баргузор мешавад.

ДУШАНБЕ, октябр – SPORTS.tj. Қаблан иттиллоъ дода будем, ки дар ин чорабинӣ Тоҷикистонро ду варзишгар – Комроншоҳи Устопириён (90 кг) ва Сомон Маҳмадбеков (73 кг) намояндагӣ мекунанд.

Вале бо сабаби лағви парвозҳои ҳавоӣ Комроншоҳи Устопириён натавонист то ба макони баргузории мусобиқа сафар кунад.

Инчунин бинобар сабаби ошкор шудани бемории COVID-19  дар мураббии Сомон Маҳмадбеков ба ӯ низ иҷозат дода нашуд, то дар мусобиқа иштирок кунад. Ҳамин тавр аввалин мусобиқа оид ба ҷудо баъд аз эҳёи рақобатҳо дар риштаи ҷудо бе иштироки паҳлавонон аз Тоҷикистон сурат мегирад.

Тибқи маълумоти сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар Grand Slam Венгрия 459 варзишгар аз 69 давлат барои дарёфти роҳхати олимпӣ талош меварзанд. (Федератсияи ҷудои Тоҷикистон)

Поделиться ссылкой:


Аватар

Редакция Sports.tj

Подписывайтесь и будьте в курсе всего интересного - Я.Дзен, Telegram, Instagram

Возможно , вас заинтересует

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Вы не можете скопировать содержимое этой страницы
error: Content is protected !!