Федератсияи ҳендболи Тоҷикистон тими мунтахабро эълон кард

Федератсияи ҳендболи Тоҷикистон тими мунтахабро эълон кард
Поделиться новостью
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  

Федератсияи ҳендболи Тоҷикистон дар натиҷаи бозиҳои лигаи олӣ ҳайати дастаи мунтахаби кишварро эълон кард.

ДУШАНБЕ, ноябр – SPORTS.tj. Ба иттилои раиси федератсия Муҳаммадфарид Мирзоҳодиев, лигаи олии ҳенболи кишвар дар ду марҳила бо иштироки 10 даста баргузор шуд. Дар натиҷа, дастаи “Душанбе” ҷои аввалро ишғол кард. Ҷои дуюм насиби дастаи “Парвоз” ва ҷои сеюм насиби дастаҳои “Сарҳадчиён” ва “Хатлон” гардид.

Юнус Юлдошев беҳтарин дарвозабон ва Саидаброр Зардонов беҳтарин ҳамлагари чемпионат миёни дастаҳои лигаи олӣ (ҳар ду аз дастаи “Душанбе”) эълон шуданд.

Федератсияи ҳендболи Тоҷикистон, ҳамчунин тими мунтахаби кишварро эълон кард, ки аз 16 нафар иборат аст. Дастаи мунтахабро ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ сармураббӣ Саъдуллобек Ватанбеков омода мекунад. Ба ӯ дар ин кор Тоҷиддин Қурбонов кӯмак менамояд. (КМОТ)

Ҳайати тими мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҳендбол-2020

1. Зардонов Саидаброр (капитан) аз дастаи “Душанбе”. Таҳти №10

2. Абдураҳимов Юсуф аз дастаи “Парвоз”-и Душанбе. Таҳти №11

3. Халифаев Оятулло аз дасатаи “Парвоз”-и Душанбе. Таҳти №4

4. Батоев Мурсалим аз дастаи “Душанбе”. Таҳти №8

5. Юлдошев Юнус аз дастаи “Душанбе”. Таҳти №16

6. Ҳайдаров Ҷумахон аз дастаи “Скиф”-и Душанбе. Таҳти №5

7. Ақдодов Ақдод аз дастаи “Сарез”-и ВМКБ. Таҳти №3

8. Шоайдаров Ҳайрат аз дастаи “Сарез”-и ВМКБ. Таҳти №7

9. Холов Фаридун аз дастаи “Скиф”-и Душанбе. Таҳти №14

10. Файзалиев Аслиддин аз дастаи “Сокол”-и Душанбе. Таҳти №9

11. Шарипов Аслиддин аз дастаи “Парвоз”-и Душанбе. Таҳти №2

12. Хоҷаяров Шералӣ аз дастаи “Сарҳадчӣ”-и ноҳияи Панҷ. Таҳти №1

13. Зардонов Сайдаҳрор аз дастаи “Парвоз”-и Душанбе. Таҳти №13

14. Ятимов Фахриддин аз дастаи “Душанбе”. Таҳти №6

15. Сафаров Ҷаҳоншер аз дастаи “Душанбе”. Таҳти №12

16. Ҷовидони Нуриддин аз дастаи “Скиф”-и Душанбе. Таҳти №15

Сармураббӣ Ватанбеков Саъдуллобек

Ëрдамчии сармураббӣ Қурбонов Тоҷиддин

Поделиться ссылкой:


Аватар

Редакция Sports.tj

Подписывайтесь и будьте в курсе всего интересного - Я.Дзен, Telegram, Instagram

Возможно , вас заинтересует

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Вы не можете скопировать содержимое этой страницы

error: Content is protected !!