Фатҳуллоев: «Иншооллоҳ, мо пурқуваттар мешавем»

Пас аз мағлубият аз дастаи Мумбай Сити, футболбози тоҷики Ченнайин Фатҳулло Фатҳуллоев дар саҳифаи худ чунин навиштааст: «Иншооллоҳ мо пурқуваттар мешавем».
ДУШАНБЕ, декабр – SPORTS.tj. Гарчанде, ки тими Ченнайин мағлуб шуда бошад ҳам, хурсандиовараш дар он буд, ки футболбози тоҷик Фатҳуллоев аввалин маротиба дар ҳайати асосӣ ба майдон омада, лек дар дақиқа 79-ум иваз карда шуд.
Хотиррасон менамоем, ки дар 4 бозӣ дар ҳисоби Ченнайин 3 хол дошта мақоми 8-умро (аз байни 11 даста) ишғол мекунад.