Фатҳулло Фатҳуллоев оиди Суперлигаи Ҳиндустон

Фатҳулло Фатҳуллоев оиди Суперлигаи Ҳиндустон
Поделиться новостью
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  

Фатҳулло Фатҳуллоев, аллакай дар суперлигаи Ҳиндустон 9 бозӣ паси сар кард, вале не гол ва не партофти головар дорад.

ДУШАНБЕ, январь – SPORTS.tj.  Sports.tj бо Фатҳулло Фатҳуллоев дар тамос шуд ва оиди бозиҳояш пурсон гашт.

– Мутобиқшавӣ ба чемпионати нав ба ҳар як футболбоз лозим аст, ки ман ҳам ба қатори онҳо шомил ҳастам. Ҳамаи даставу роҳбарият ба мо футболбозон боварии комил доранд. Айни замон дар ман “черная полоса” дида мешавад, ки ҳарчи зудтар бояд паси сар кунам.

Он 9 бозие, ки гузаронидам дар 3 тояш дар ҳайати асосӣ ба майдон омада будам. Ҳолатҳо буданд, вале истифода карда натавонистам, ки худ гунаҳкорам.

– Аз ҳамин “черная полоса”  рӯҳафтода нестед?

– Асло не. Мо футболбози касбӣ ҳастем ва ба ҳолат бояд омода шавем. Дар бозиҳои оянда ҳаракат менамоям, ки ин бӯҳронро паси сар кунам.

– Суперлигаи Ҳиндустонро пурра аз худ кардед, чи гуна будааст?

– Медонед, инҷо конкуренсия барои чемпионшавӣ хеле вазнин аст ва 6-7 даста қодиранд, ки баҳри чемпиони мубориза кунанд. Ҳамчунин 5 легионерҳое, ки дар майдонанду 2 тои дигар аз руи регламент бояд дар захира бошанд, бештарашон як сару гардан аз футболбозони маҳаллӣ боло ҳастанд ва анқариб 60 фоизи онҳо узви тими миллиашон ҳастанд.

– Масъалаи гуфтугӯ чи гуна аст? Танқисӣ намекашед?

– Чи хеле ки ҳама медонад, қариб ҳамаи ҳиндуҳо англисӣ гап мезананд ва танқисие нест баҳри сӯҳбат бо онҳо. Инчунин забони футболиро қариб, ки ҳама медонанд.

– Тоҷикиро ёд надодед?

– Як дӯстамро омузонида истодаам.

– Ҳамдастаҳоятонро бо оши палав зиёфат накардед?

– Дар нақша дорам, ки ҳамдастагонамро бо оши палови тоҷикӣ меҳмондорӣ кунам. Аз ҳамон рузе, ки ба даста ҳамроҳ шудам, чунин ният ҳаст, чунки бояд хуроки миллиамонро муаррифӣ намуд.

– Дар кӯчаҳо мешиносанд?

– Ба ҳамагон мумкин маълум набошад, вале чемпионати Ҳиндустон ҳоло дар се варзишгоҳи Гоа сурат гирифта истодааст. Қариб, ки ба куча ҳам намебароем, танҳо дар меҳмонхона қарор дорему бас. Лекин мухлисон тариқи инстаграм менависанд, аҳволпурсӣ менамоянд, ки барояи хуш аст. Аз марҳилат дуюм насиб бошад, ҳаракат менамоям, баҳри хурсандии мухлисонам голҳоро ба самар расонам.

– Чанд гол дар нақша доред?

– Чи қадаре бисёр бошад, ҳамон қадар нағз.

Мақсуд Иброҳимов, Sports.tj

Поделиться ссылкой:


Аватар

Редакция Sports.tj

Подписывайтесь и будьте в курсе всего интересного - Я.Дзен, Telegram, Instagram

Возможно , вас заинтересует

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Вы не можете скопировать содержимое этой страницы
error: Content is protected !!