Душанбе – мизбони се мусобиқа оид ба таэквон-до (WT)

Душанбе – мизбони се мусобиқа оид ба таэквон-до (WT)
Поделиться новостью
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  

24-26 октябр дар шаҳри Душанбе се мусобиқа оид ба таэквон-дои ҷаҳонӣ (WT) баргузор мешавад.

ДУШАНБЕ, октябр – SPORTS.tj. Тавре раиси Федератсияи таэквон-до (WT)-и Тоҷикистон Ҷаҳонзеб Қармишев иттилоъ дод, давоми се рӯз дар Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои таэквон-до баргузории мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба таэквон-до байни ҷавонони соли таваллудашон 2003-2005; мусобиқаи кушоди Федератсияи таэквон-до Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба таэквон-до байни наврасони соли таваллудашон 2009-2013 бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар назар аст.

Мусобиқа миёни ҷавонон аз рӯи се равия – керуги, пумсэ, даставӣ, мусобиқа миёни наврасон аз рӯи ду равия – керуги, пумсэ ва мусобиқаи кушоди федератсия аз рӯи равияи керугӣ доир мегарданд.

Мақсад аз баргузор кардани мусобиқаҳо, муайян кардани беҳтарин варзишгарон ва ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш, хусусан намуди олимпии таэквон-до мебошад. (КМО)

Поделиться ссылкой:


Аватар

Редакция Sports.tj

Подписывайтесь и будьте в курсе всего интересного - Я.Дзен, Telegram, Instagram

Возможно , вас заинтересует

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Вы не можете скопировать содержимое этой страницы

error: Content is protected !!