Доҳа мизбони Бозиҳои Осиё-2030, Риёз мизбони Бозиҳои Осиё 2034 интихоб шуданд

Поделиться новостью
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  

Бозиҳои Осиё соли 2030 дар шаҳри Доҳаи Қатар баргузор мешавад, Риёзи Арабистони Саудӣ бошад, соли 2034 ин чорабинии варзишии қоравиро қабул мекунад.

ДУШАНБЕ, декабр – SPORTS.tj. Чунин тасмим тариқи овоздиҳӣ дар ҷаласаи 39-уми Ассамблеяи генералии Шӯрои олимпии Осиё (ОСА), ки имрӯз – 16 декабр – дар шаҳри Маскати Уммон доир гашт, гирифта шуд.

Дар ҷаласа муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам ва котиби генералии Кумита Абдуллозода Муҳаммадшо иштирок карданд.

Дар ҷаласа, ҳамчунин гузоришҳои кумитаҳои тадорукоти 6-ум Бозиҳои соҳилии Осиё, 3-юм Бозиҳои наврасони Осиё, 19-ум Бозиҳои Осиё, 6-ум Бозиҳои осиёии дохили толор ва ҳунарҳои размӣ, ҳисоботи ноибони президенти ОСА ва раисони кумитаҳои ОСА шунида шуд.

Ёдрас менамоем, ки 19-ум Бозиҳои Осиё соли 2022 дар Ҳангжоуи Чин, 20-ум Бозиҳои Осиё соли 2026 дар шаҳрҳои Аичӣ ва Нагайаи Ҷопон баргузор мешаванд.

Поделиться ссылкой:


Аватар

Редакция Sports.tj

Подписывайтесь и будьте в курсе всего интересного - Я.Дзен, Telegram, Instagram

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Вы не можете скопировать содержимое этой страницы
error: Content is protected !!