Давид Габаидзе – мураббии нави бошгоҳи “Ҳоҷӣ Шариф”

Поделиться новостью
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  

Бошгоҳи ҷудои “Ҳоҷӣ Шариф” дар гузашта таҷрибаи ҷалби мураббиёни хориҷиро дошта бо таваҷҷуҳ ба манфиати он, ҷиҳати беҳтар кардани маҳорати дастпарварони ин бошгоҳ аз хориҷи кишвар мураббӣ даъват кардааст.

ДУШАНБЕ, январ – SPORTS.tj. Ин мутахассиси риштаи ҷудо аз кишвари Россия – Давид Габаидзе мебошад.

Шартнома бо Давид Габаидзе ба муддати ду сол баста шуда, имкони тамдиди он дар оянда вуҷуд дорад.

Габаидзе аз ҳаштсолагӣ ба ҷудо машғул шуда, худ низ ҷоизадори Ҷоми Кушоди Аврупо-2018 дар Минск ва Мусобиқаи Кушоди Осиё-2019 дар Гонконг мебошаду таҷрибаи хуб аз мактаби мураббиёни ҷопонӣ ва муғулистонӣ  касб кардааст, ки метавонад онро бо дастпарварони ин бошгоҳ дар миён бигзорад.

Поделиться ссылкой:


Аватар

Редакция Sports.tj

Подписывайтесь и будьте в курсе всего интересного - Я.Дзен, Telegram, Instagram

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Powered by Live Score & Live Score App
Вы не можете скопировать содержимое этой страницы
error: Content is protected !!