Дастаи Тоҷикистон дар Узбекистон барандаи медали нуқра шуданд

Дастаи Тоҷикистон дар Узбекистон барандаи медали нуқра шуданд
Поделиться новостью
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  

Дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон оид ба волейбол (U-17) дар Узбекистон барандаи медали нуқраи мусобиқаи байналмилалӣ шуданд.

ДУШАНБЕ, апрел – SPORTS.tj. Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба волейбол миёни духтарони то 17-сола ба хотираи чемпиони дукаратаи Бозиҳои олимпӣ Вера Дуюнова аз 19 то 23 апрел дар шаҳри Навоии Узбекистон баргузор шуд.

Дар мусобиқа 6 даста – 4 даста аз Узбекистон (“Олимп”, “Суғдиёна”, “Ҳумо”, “Водӣ”), инчунин дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон иштирок намуда, тибқи системаи даврӣ дар як давр бозӣ карданд.

Ба иттилои котиби генералии Федератсияи волейболи Тоҷикистон Муҳиб Латипов, волейболбоздухтарони мо 5 бозӣ анҷом дода, бо 4 пирӯзӣ ва як бохт ҷои дуюмро ишғол карданд. Ҷои аввал насиби дастаи “Олимп” ва ҷои сеюм насиби дастаи “Ҳумо” аз Узбекистон шуд.

Мусобиқаро намояндагони Конфедератсияи волейболи Осиё назорат карданд.

Вера Дуюнова дар ҳайати собиқ ИҶШС дар Бозиҳои олимпии Мехико-1968 ва Мюнхен-1972 сазовори медали тилло гардидааст. (КМОТ)

Поделиться ссылкой:


Аватар

Редакция Sports.tj

Подписывайтесь и будьте в курсе всего интересного - Я.Дзен, Telegram, Instagram

Возможно , вас заинтересует

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Вы не можете скопировать содержимое этой страницы
error: Content is protected !!