Чемпионати Осиё ва Уқёнусия: Сомон – барандаи нишони нуқра!

Чемпионати Осиё ва Уқёнусия: Сомон – барандаи нишони нуқра!
Поделиться новостью
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  

Дар дуюмин рӯзи рақобатҳои Чемпионати Осиё ва Уқёнусия Тоҷикистонро Сомон Маҳмадбеков (73 кг), Акмал Муродов (81 кг) ва Ҳақназар Назаров (81 кг) муаррифӣ карданд.

ДУШАНБЕ, апрел – SPORTS.tj. Сомон Маҳмадбеков (73 кг) дар даври аввал Айяш Аҳмад аз Яман ва дар чорякниҳоӣ варзишгари Эрон – Муҳаммади Муҳаммадро бо иҷрои усули “осаекоми” мағлуб кард ва ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт.

Дар нимниҳоӣ Сомон бо ҷудокори Қазоқистон Жансай Смагулов нерӯсанҷӣ кард. Ҷудокори ботаҷрибаи Қазоқистон ба хотири камфаолӣ се “шидо” дарёфт карда ва аз сӯи довари майдон мағлуб дониста шуд.

Дар рақобат барои нишони тиллоӣ Сомон муқобили ҷудочии пурқуввати Кореяи Ҷанубӣ, ду карат қаҳрамони ҷаҳон ва чанд карат ғолиби сабқатҳои Гранд Шлем ва Мастерс – Чангрим Ан қарор гирифт. Мутаассифона дар ин қувваозмоии ҳалкунанда, ҷудокори Корея бо як “ваза-ари” Сомонро мағлуб кард ва нишони тиллоро ба даст овард.

Пас аз дарёфти медали нуқра Сомон соҳиби 490 холи олимпӣ шуд.

Ҳақназар Назаров (81 кг) дар даври якум озод буда, рақобатро дар даври дуюм ба Мун Джин Ли (Кореяи Ҷанубӣ) бохт.

Акмал Муродов (81 кг) бо Халил Ребаҳи аз кишвари Қатар дар даври дуюм нерӯ санҷид, зеро дар даври аввал озод буд. Рақобати ҷудокорон ним дақиқа бештар тул накашида, Акмал бо иҷрои зидди усул тавонист Ребаҳиро дар ҳолати “осаекоми” нигоҳ дорад ва ҳамин тариқ ғалабаро ба даст орад.

Дар чорякниҳоӣ Акмал Муродов дар муқобили Қаҳрамони ҷаҳон-2018 – Саид Муллоии эронитабор қарор гирифт, ки таҳти парчами Муғулистон баромад мекунад.

Пас аз гузашти ду дақиқа аз рақобат ҳарду ҷониб танҳо соҳиби як танбеҳӣ шуданд. Дар ниҳоят Саид МуллоӢ бо таркиб кардани ду банди фохир – “ко учи гари” ва “сэои нагэ” Акмалро аз сади роҳ бардошт.

Дар даври тасаллобахш Акмал рақобатро ба варзишгари кишвари Кореяи Ҷанубӣ – Сунгҳо Ли бо баҳогузории иппон (“сэои нагэ”) бохт.

Фардо, 8-уми апрел, Комроншоҳи Устопириён, Ҷаҳонгир Маҷидов (ҳарду дар вазни 90 кг), Мансур Раҳмон (10 0кг), Темур Раҳимов ва Хуршед Маҷидов (ҳарду дар вазни +100 кг) рӯи татами мебароянд.

Поделиться ссылкой:


Аватар

Редакция Sports.tj

Подписывайтесь и будьте в курсе всего интересного - Я.Дзен, Telegram, Instagram

Возможно , вас заинтересует

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Вы не можете скопировать содержимое этой страницы
error: Content is protected !!