Чемпионати ҷаҳони ҷудо барои Акмал ба охир расид

Чемпионати ҷаҳони ҷудо барои Акмал ба охир расид
Поделиться новостью
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  

Акмал Муродов дар рӯзи чоруми чемпионати ҷаҳон-2021 оид ба ҷудо Тоҷикистонро дар вазни 81 кг намояндагӣ кард.

ДУШАНБЕ, июн – SPORTS.tj. Акмал Муродов дар даври аввал озод буда, рақобатро аз даври дуюм бар зидди намоняндаи Юнон Алексиос Нтанатсидис оғоз кард. Дар ин нерусанҷиӣ ҷудочии мо дучори нокомӣ шуда, аз идома сабқатҳо маҳрум гардид.

Алексиос Нтанатсидис феълан дар рейтинги ҷудочиёни вазни 81 кг дар зинаи 20-ум қарор дорад. Акмал Муродов бошад, дар ҷои 50-ум мавқеъ касб намудааст.

Дар рӯзи дуюми Шаҳбоз Саидабуроров (66 КГ) намояндагӣ кард. Шаҳбоз, ки қаблан дар вазни 60 КГ ҳунанамоӣ мекард, ин навбат дар вазни 66 КГ рӯи майдон баромад. Рақиби ӯ дар даври аввал ғолиби Казан Гранд Слэм 2021, варзишгари Русия – Мурад Чопанов буд.  Ду варзишгар дар вақти асосӣ имтиёзе аз ҳамдигар касб накарданд ва ҳамин тариқ вақт ба “голден скор” кашида шуд.  Мутаассифона, Шаҳбоз дар “вақти тиллоӣ” бо “ваза-ари” рақобатро бохт ва аз идомаи сабқатҳо маҳрум гашт.

Дар нахустин рӯзи қаҳрамонии ҷаҳон Тоҷикистонро Шукрона Карчиева (48 кг) муаррифӣ кард.Дар даври аввал  Шукрона бо ҷудокорбонуи пурқуввати Ҷопон – Вакана Кога ба рақобат пардохт. Мутаассифона дар сонияҳои аввали нерӯсанҷӣ, пас аз як ҳамлаи номуваффақи Шукрона, варзишгарбонуи Ҷопон тавонист рақобатро ба бахши «не-ваза» (кор дар замин) гузаронад ва бо иҷрои «осаекоми» ғолиби ин қувваозмоӣ гардад.

Дар мусобиқа иштироки 695 варзишгар (408 мард ва 287 зан) аз 129 кишвари панҷ қораи дунё дар назар аст. Барои мақоми аввал – 2000 имтиёз, дуюм – 1400 имтиёз ва сеюм – 1000 имтиёз дода мешавад.

Ғолибону ҷоизадорони Қаҳрамонӣ бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз мешаванд. Барои ҷойи якум 26 ҳазор евро (20800 евро – варзишгар ва 5200 евро – мураббӣ), барои ҷойи дуюм – 15 ҳазор евро (12000 евро – варзишгар ва 3000 евро – мураббӣ), барои ҷойи сеюм – 8 ҳазор евро (6400 евро – варзишгар ва 1600 евро – мураббӣ) муқаррар шудааст.

Поделиться ссылкой:

Редакция Sports.tj

Подписывайтесь и будьте в курсе всего интересного - Я.Дзен, Telegram, Instagram

Возможно , вас заинтересует

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Powered by Live Score & Live Score App
Вы не можете скопировать содержимое этой страницы
error: Content is protected !!