Чемпионати ҷаҳон барои Шаҳбоз Саидабуроров хотима ёфт

Чемпионати ҷаҳон барои Шаҳбоз Саидабуроров хотима ёфт
Поделиться новостью
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  

Шаҳбоз Саидабуроров Тоҷикистонро дар рӯзи дуюми рақобатҳои чемпионати ҷаҳон-2021 дар вазни 66 кг муаррифӣ намуд.

ДУШАНБЕ, июн – SPORTS.tj. Ин паҳлавони ҷавони тоҷик дар даври аввал бо ҷудочии кишвари Россия – Мурад Чопанов рӯи татамӣ баромад. Дар ин нерусанҷи Шаҳбоз Саидабуроров аз рақибаш дучори шикаст шуда, аз идомаи сабқатҳои чемпионати ҷаҳони ҷудо маҳрум шуд.

Мурад Чопанов барандаи нишони тиллои Kazan Grand Slam 2021, қаҳрамони European U23 Championships ва дорандаи ҷоизаҳои чандин мусобиқаҳои дигар мебошад.

Дар нахустин рӯзи қаҳрамонии ҷаҳон (World Judo Championships Seniors Hungary 2021) Шукрона Карчиева (48 кг) муаррифӣ кард.

Дар даври аввал  Шукрона бо ҷудокорбонуи пурқуввати Ҷопон – Вакана Кога ба рақобат пардохт. Мутаассифона дар сонияҳои аввали нерӯсанҷӣ, пас аз як ҳамлаи номуваффақи Шукрона, варзишгарбонуи Ҷопон тавонист рақобатро ба бахши «не-ваза» (кор дар замин) гузаронад ва бо иҷрои «осаекоми» ғолиби ин қувваозмоӣ гардад.

Поделиться ссылкой:

Редакция Sports.tj

Подписывайтесь и будьте в курсе всего интересного - Я.Дзен, Telegram, Instagram

Возможно , вас заинтересует

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Powered by Live Score & Live Score App
Вы не можете скопировать содержимое этой страницы
error: Content is protected !!